Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

истифода мебаранд, ки он аҳамияти маърифатӣ, илмӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ ва таҷрибавӣ дорад, аз ин ҳисоб даромади муайян ба даст оварда мешавад. Дар кишвари мо чунин ғорҳо ва нақбҳо зиёланд, фақат ҷидду ҷаҳд ва маблағгузорӣ лозим аст, то ин таҷрибаҳои муфид дар мамлакати мо низ ҷомаи амал пӯшанд.

Масъалаи дигари ташвишовар ин истифодаи бесамар, ба талафот роҳ надодани намаки шӯробаҳои чашмаҳои аз дохили ғорҳо беруноянда мебошад. Аз маълумотҳои Л.Н. Дриго (1963) бармеояд, ки тавассути чашмаҳои аз дохили намаккӯҳи Хоҷамӯъмин беруноянда соле 4,6 млн. т. намаки ош шуста мешаванд ва онҳо ба рӯду дарёҳо омехта шуда, нобуд мешаванд, ки дар натиҷа боиси паст шудани сифати оби дарё ва халалёбии муҳити обӣ-экологӣ мегарданд (Н.Л.Дриго. Самарканд. 1963. с. 201).

Пас, ҳангоми беталаф ҷамъоварӣ намудани намаки шӯробаҳо фоидаи иқтисодӣ ба даст меояд ва ҳам муҳити экологӣ беҳ мегардад. Намакобро дар ҳавзҳо ва палҳо таҳшин намуда, мехушконанд, ки то 15 см ғафсӣ доранд.

Бино ба маълумоти олимони варзида Р.Б. Баротов ва В.П. Новиков (с.1988) дар гумбази намаки Хоҷамӯъмин беш аз 30 миллиард тонна намаки хушсифат маҳфуз аст, ҳоло қисми басо ками он истифода мешавад. Аз рӯйи маълумотҳои Ҳ. Асоев (1994) чунин бармеояд, ки агар шӯробаи ҳамаи чашмаҳои аз гирду атрофи намаккӯҳ берунояндаро 100 фоиз қабул намоем, охири солҳои 90-уми асри XX танҳо 0,1 ҳиссаи намаки онро корхонаҳои хурд ҷамъоварӣ менамоянд. Ҳол он ки имконият ҳаст соле то 60 ҳазор тонна намак ҷамъоварӣ карда шавад. Хушбахтона,

пешина
аз 93
навбатӣ