Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
солҳои охир барои васеъ намудани истифодаи ин атои муҳими табиат корхонаи ҷамъоварии намак васеъ карда шуд, ба намак йод ҳамроҳ карда мешавад, то ин ки сифати ошии он баланд ва касалиҳои аз норасогии йод пайдошаванда (ҷогар) пешгирӣ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки намак на танҳо маводи хӯрока ва лаззатбахши таомҳост, балки он ашёи хоми саноати химия буда, аз он беш аз 200 намуди маҳсулот тайёр кардан мумкин аст.
Ин маҳсулотҳо дар соҳаи тиб, кишоварзӣ ва саноат васеъ истифода шуда метавонад. Ҳангоми дар заминаи ин кон созмон додани заводи химиявӣ имкон пайдо мешавад, ки истеҳсоли содаи каустикӣ, хлор, хлориди натрий, хлориди магний, намаки калий, бром ва дигар ашёҳоро ба роҳ монда шавад. Созмони заводи коркарди намак масъалаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ ва шароити зиндагии онҳоро беҳбудӣ мебахшад. Аз ҷониби дигар, ба буҷаи давлат, аз ҳисоби андоз даромад меафзояд.
Хулоса, гумбази намаки Хоҷамӯъмин мӯъҷизааст, ки чандин сирру асрореро дар худ пинҳон нигоҳ дошта омадааст. Илми табиатшиносии муосир ин сирру асрорро паёпай кушода, онҳоро илмӣ-воқеона шарҳ дода, ба таври оқилона истифода намудан ва аз харобшавӣ боздоштанашонро пешниҳод кардааст. Муҳимаш он аст, ки минбаъд самти истифодаи рекреатсионӣ ва сайёҳии ин мӯъҷизаи табиатро афзун ва фоидаоварии он васеъ ва серсоҳа гардонида шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё