Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
дар гумбази намаки Хоҷамӯъмин вуҷуд доранд. Дар пуштакӯҳи Хоҷасартез онҳо доимианд, зеро ба ин кӯлҳо оби зеризаминӣ омада меистад. Дар Хоҷамӯъмин бошад об дар пастхамиҳои карстӣ танҳо дар фасли баҳор аз об шудани барф ҷамъ мешаванд. Дар аввали тобистон оби ин кӯлҳо буғ мешавад ё ин ки аз тарқишҳои зеризаминӣ баромада меравад.
Мувофиқи маълумотҳои А.И. Дзенс- Литовский ва А.Г. Бергман (Л. 1935, с. 265) кӯли Афгонделӣ дар наздикии деҳаи Дели дар сари роҳи Кӯлоб дар Қаромазор воқеъ аст. Дарозии ин кӯл 250 м, паҳниаш 35-50 м, умқаш 45 -50 м аст. Оби кӯл ба дараҷаи баланд газнок гаштааст, ба ин андеша хубобчаҳои сершумори сатҳи болои кӯл далолат мекунанд, инчунин гоҳ-гоҳ фаввораи газ ба мушоҳида мерасад. Аз самти ҷанубушарқии кӯл рӯде берун меояд. Аҷаб нест, ки аз зери кӯл чашмаи пуробе мебаромада бошад.
Се километр шимолу шарқтари чашмакӯли Афгонделӣ дар баландии 15-20 м аз сатҳи дарёи Яхшӯ (Ёхсу) чашмакӯли дигаре бо номи Дилоро дар кӯҳи Хоҷасартез ҷойгир шудааст. Ин чашмакӯл пайдоиши карстӣ дошта, дар ҷинсҳои гачу гилдори давраи юраи геологӣ ба вуҷуд омадааст. Ҷинсҳои давраи юра бо таҳшониҳои давраи антропоген пӯшида шудааст. Дар ибтидои пайдоиш дарозии чашмакӯли Дилоро 35-40 м, паҳноияш 15 м ва чуқуриаш ба 8-10 м мерасад. Ҳоло дар натиҷаи лағжиши ҷинсҳои давраи юра андозаи кӯл маҳдуд шудааст. Дар замони ҳозира об дар қисми шимолии чашмакӯл захира мешавад ва масоҳати начандон калонро фаро гирифтааст. Умқи чашмакӯли Дилоро нисбатан калон аст ва дарозии он ба 7-8 м мерасад. Оби ин чашмакӯл ба назар орому бечораён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё