Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
менамояд. Баромадгоҳи об ва ба куҷо ҷоришавии он маълум нест (М. Тоҷибеков ва диг. Д. 2006, с. 100). Канори шимолии чашмакӯл дар натиҷаи рух додани ҳодисаи ярч ростфаромадааст. Доир ба пайдоиш ва хосиятҳои чашмакӯли Дилоро халқ ривоятҳои зиёд офаридааст.
Дигар яке аз чунин кӯли пайдоиши карстӣ дошта, ки лойқаи он хосияти муолиҷавӣ дорад дар ноҳияи Темурмалик (собиқ Совет) воқеъ гаштааст, Танобчӣ ном дорад. Қаторкӯлҳои Танобчӣ дар байни заминҳои лалмикории собиқ колхози ба номи «Ленин йули»-и ноҳияи Темурмалик 15 км дуртар дар самти ҷанубу ғарбии шаҳраки Темурмалик ҷой гирифтааст. Ба ин кӯлҳо ҳам аз тарафи маркази ноҳия ва ҳам аз тарафи деҳаи Танобчӣ роҳи мошингард мавҷуд аст.
Кӯлҳои Танобчӣ дар байни мавзеи теппадор воқеъ гаштаанд. Дар сохти геологии ин маҳал таҳшониҳои намаксанг, гаҷ(гипс)-и давраи юраи боло воқеъ гаштааст, сатҳи болоии ин ҷинсҳоро таҳшониҳои давраи чорӯми геологӣ (реггилхок, регхок, ки дар таркибашон шағал доранд) пӯшонидааст.
Хотирнишон намудан ҷоиз аст, ки солҳои 40-50-уми асри гузашта корманди яке аз муассисаи табобатии маркази ноҳияи Восеъ Х.Бойматов аввалин кашифи (?) ин манбаи муолиҷавии табиӣ мебошад. Ӯ хосияти муолиҷавии ин лойқаро пай бурда, ба мутахассисон аз бозёфти худ хабар дода буд. Мутахассисони маҳал лойқаро тафтиш ва санҷиш намуда, дурустии гумони (тахмини) ӯро тасдиқ карданд. Санҷишҳои озмоишгоҳӣ ва санитарӣ-бактериологӣ нишон дод, ки ин лойқа воқеан сифати хуби табобатӣ дошта, барои истифодаи васеи амалияи тиббӣ фоидабахш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё