Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
таркиби оби кӯл йод (0,25 г/л), бром (то 75,0 г/л) ва кислотаи метаборат беш аз 90 г/л-ро ташкил медиҳад.
Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ маҳлули лойқаи кӯли Шарқӣ ба типи хлору магниии маъданнокиаш 228-257 г/л ва кӯли Ғарбӣ - 270 г/л мансуб аст. Скелети булурии (кристаллии) лойқаи (пелоиди) кӯли Шарқӣ бо миқдори аз 3,2 то 8,8% карбонатҳо, 0,2-1,2% гаҷ ва фосфатҳо даҳаки ҳиссаи фоизро ташкил медиҳанд.
Миқдори силикатҳо аз 23 то ба 56% тағйир меёбад.
Аз элементҳои комплекси коллоиди оксидҳо қариб 4%- ро, сулфиди оҳан 0,2-0,5%, сулфур 0,01-0,03%, моддаҳои органикӣ 0,8 - 2% (кӯли Шарқӣ) ташкил медиҳад.
Скелети булурии (кристаллии) захираи лойқаи кӯли Ғарбӣ аз карбонати калсӣ (3-8%) иборат аст, гаҷ (аз 0,3 то 5%), фосфоритҳо ва карбонати магний даҳҳо ҳиссаи фоизро ва силикатҳо бошад 33-48%-ро ташкил медиҳанд.
Дар қисми марказии кӯл миқдори ҳиссаҳои (зарраҳои) андозаашон беш аз 0,1-0,25 мм, барои гили сиёҳ 15-16% ва барои гили хокистарранг 26% аст. Барои комплекси коллоидӣ ҳиссаи сулфиди оҳан 0,2-0,4% ташкил медиҳад, дар лойқаи сиёҳ бошад ин нишондиҳанда ба 0,01-0,03% баробар аст. Сулфиди оҳан, титан, алюминий, манган дар ҳудуди 3,0-4,6% мебошанд.
Намакоби табобатии кӯлҳои Шарқӣ ба типи сулфатию натригӣ мансуб буда, маъданнокиашон аз 35 г/л баҳорон ва то 320 г/л тобистон тағйир меёбад.
Миқдори сулфатҳо то 97 ва натрий 85 экв% мерасад.
Намакоби муолиҷавии кӯлҳои Ғарбӣ ба типи хлору магнигӣ мансуб буда, маъданнокиашон то ба 330 г/л мерасанд. Ионҳои Na ва K-97, Cl-75 ва SO4 - 25 экв%-ро ташкил медиҳанд (А.А.Малцев, В.Д.Фоменко. Д. 1965.
С. 242-243).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё