Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

фаслҳои сол то ба +30°С ва ҳатто баландтар мешавад. Чашмакӯли Пӯшион дар сойи наонқадар чуқур аз сатҳи баҳр дар баландии 880 м воқест. Об аз байни ҳавзчаи на онқадар чуқур фавворазанон ба берун мебарояд. Об регмайда ва газро ба берун мебарорад. Оби чашма таъми нохуш дошта аз он бӯйи бад, ки ба бӯи тухми палагда шабеҳ аст, ба масофаҳои дур паҳн мешавад. Оби ҷорӣ дар маҷрои худ таҳшониҳои сиёҳро ҳосил мекунад ва поёнтар бухор шуда, қабати тунуки намаки сафедро ҳосил мекунад. Ин об гарчи ба назар тоза намояд ҳам аз ҷиҳати таркиби химиявӣ заҳрнок аст, зеро гидрогенсулфур ғилзати (консентратсияи) баланд дорад. Агар ин обро паррандаҳо ва хазандаҳо (сангпушт) нӯшанд ҳалок мешаванд. Аз ин рӯ дар гирду атрофи ин чашмакӯл ба ҷонварони фавтида дучор шудан мумкин аст (Н.М.Чуршина. «Таджикистан...». Д. 1982. с. 126). Оби ин чашмакӯлро барои гирифтани намак ва қисман барои обулойтабобат, табобатҳои мавсимӣ истифода мебаранд (А.О.Орифов, Ш.Ш.Деникаев и др. Д. 2006. С.82). Бояд гуфт, ки оби маъданӣ ва лоиқаи шифокори кӯлҳои Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон аз қабили Шӯркӯл, Танобчӣ, кӯлҳои атрофи гумбази намаки Хоҷамӯъмин, Пӯшион ва ғайра ба дараҷаи кофӣ истифода нашуда меоянд, зеро аз ҷиҳати гидрогеологӣ ва чӣ аз ҷиҳати тиббию табобатӣ ҳанӯз амиқ ва ҳаматарафа таҳқиқ нашудаанд. Аз ҷониби дигар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба омӯзиш ва истифодаи васеи ин навъ кӯлҳо мароқи ҷиддӣ ва таваҷҷӯҳи кофӣ зоҳир накарда меояд. Аз ин хотир захираи лоиқаҳои табиию табобатӣ самаранок истифода намешаванд, нисбати ҳифзи онҳо низ чораю тадбирҳои судманд андешида намешаванд. Барои ҳамин

пешина
аз 93
навбатӣ