Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

меоянд, шифо меёбанд ва боз ба кору зиндагии хеш машғул мешаванд.

Зуллукҳо (шуллукҳо), намояндаи синфи ҳалқакирмҳо буда, дарозии танашон ба 0,2 -1,5 см мерасанд, ранги баданашон сиёҳ, хокистарранг ва сабзтоб мешаванд. Аксарияти зуллукҳо хунмак буда, хун ва шираи бадани ҳайвоноти бемуҳраю муҳрадори гуногунро мемаканд. Қисми дигари онҳо дарранда буда, сайди худро бутун фурӯ мебаранд. Ғадудҳои оби даҳони зуллукҳои хунмак гирудин (полипептиде, ки ҳангоми бо ферменти хун- тромбин пайваст шудап ба ҳосил шудани фибрин монеъ мешавад) ҷудо мекунад, ки он басташавии хунро нигоҳ медорад. Зуллукҳо дар обҳои ширин, баҳр ва хушкӣ зиндагонӣ мекунанд. Аз замонҳои қадим дар тиб барои муолиҷаи баъзе бемориҳо зуллукҳои тиббиро истифода мебаранд.

Ҳанӯз дар асрҳои миёна саромади тибби ҷаҳонӣ аллома Абӯалӣ ибни Сино намудҳои зуллукҳои тиббиро дар фаъолияти амалии худ баҳри табобати бемориҳои алоҳида васеъ истифода мебурд.

Мувофиқи маълумоти гирудотерапевт Г.А.
Кузнитсина зуллуки тиббиро дар Федерацияи Россия ба сифати доруи табобатӣ пазируфта шудааст.
Табибони машҳури рус аз қабили Н.И. Пирогов, М.Я.
Мудров, Г.А. Захарин барои табобати маризони гуногун аз зуллук истифода менамуданд. Таъсири табобатии зуллуки тиббиро хосияти ғадуди оби даҳони ин ҷонвар баъди газидани пӯсти сатҳи бадан, ки ба хун дохил мешавад, муайян мекунад. Ҳангоми аз тарафи зуллук газидани сатҳи пӯст ҳамроҳи оби даҳони он ба органиуми инсон моддаҳои фаъоли биологӣ (ферментҳо, ҳормонҳо, витаминҳо) ворид мешаванд. Ин

пешина
аз 93
навбатӣ