Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Тоҷикистонро аз Хитой ҷудо мекунад. Дар самти ғарбии Помири Шарқӣ қаторкӯҳҳои Помири Ғарбӣ аз қабили Ванҷ, Язгулом, Рӯшон, Шуғнон ва ғайра ҷойгир шудаанд, ки аксари онҳо хобиши ҷанубу ғарбӣ доранд.

Иқлими Помири Шарқӣ ба худ хос буда, аз дигар музофотҳои Тоҷикистон ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл аз +10 -13°С баланд намешавад, дар моҳи январ сармо ба ҳисоби миёна аз -18 то -25°С, минимуми мутлақ дар Булункӯл ба - 63°С мерасад. Ин музофот камборишу хушк аст, дар ғарбии он 150 м ва дар шарқии он ҳамагӣ то 70 мм бориш мешавад. Агар дар дигар қисматҳои Тоҷикистон боришҳои атмосферӣ дар фаслҳои зимистону баҳор борад, пас дар Помири Шарқӣ ба моҳҳои тобистон рост меояд (Р.И. Селиванов. Д. 1959, с. 118). Ҳарорати аз 0° паст аз миёнаи октябр то миёнаи апрел, яъне беш аз шаш моҳ давом мекунад. Мавсими аз 5°С боло 4,5 – 5 моҳро дарбар мегирад, аз миёнаи моҳи май то охири сентябр давом мекунад. Ҷамъи ҳарорати мусбати ин мавсим 1450-1500°-ро ташкил медиҳад. Хусусиятҳои иқлими Помири Шарқӣ барои зироаткорӣ амалан мусоид нест (истисно баъзе водиҳои паст).

Сарфи назар аз он ки Помири Шарқӣ камбориш аст ин ҷо кӯлҳо бисёранд. Кӯлҳои калонтарини Тоҷикистон аз қабили Қарокӯл, Зоркӯл, Яшилкӯл, Рангкӯл, Булункӯл ва даҳҳо кӯлҳои дигар дар ҳамин музофот ҷойгир шудаанд. Кӯлҳои шифокори Чукуркӯл, Сасиккӯл ва Шоркӯл дар ҳамин музофот воқеъ гаштаанд.

Мувофиқи ҳисоби мутахассисон дар Помир 900 кӯли хурду калон ба ҳисоб гирифта шудааст, аз ин ҳисоб 800 кӯл андозаи хурд дошта масоҳати онҳо то 1

пешина
аз 93
навбатӣ