Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
хокистарӣ ва хосияти часпакӣ дорад, аз он ҳам бӯи гидрогенсулфид меояд, ғафсии ин қабат аз қабати якум андаке бештар буда ба 0,7-0,8 м мерасад. Маъданнокии оби шифобахши кӯл ба 370 г/л баробар аст, реаксияи об — рН ба 10 мерасад, яъне ишқории баланд буда, дар таркиби ин об бештар хлориди натрий ва карбонати натрий мавҷуд аст. Дар таркиби намакоби табобатӣ йод, бром, кислотаи метаборат ва бо миқдори зиёд фтор (то 800 мг/л) ва инчунин маргимӯш (то 10 мг/л) ошкор карда шудааст (Гидрогеология СССР. Т. 41. М. 1972. С. 265).
Оби рӯду чашмаҳое, ки аз атроф ба кӯл дохил мешаванд дараҷаи гуногуни маъданнокӣ доранд, аз 690 ва беш аз онро ташкил медиҳанд, таркибашон содагӣ ва кал- сиӣ буда, маъданнокиаш 417 мг/л аст (Д.Н.Паҷҷажанов, Д.Л.Патина, Н.И.Волкова. Д. 1999. с. 56).
Сасиккӯл аз забони туркӣ баромада, дар забони тоҷикӣ маънои «кӯли обаш гандида»-ро дорад. Ин кӯл аз сатҳи баҳр дар баландии 3825м воқеъ буда, дар ҳавзаи дарёи Аличур, шарқтар аз Яшилкӯл воқеъ мебошад. Сасиккӯл 8,9 км2 масоҳат, 4,6 км дарозӣ, умқи миёнаи об 3,41 м ва то 2,2 км паҳнӣ дорад. Сасиккӯл кӯли бечораён буда, обаш маззаи талх ва шӯр дорад. Дар қаъри кӯл гил хобидааст, ғафсии он 0,3 м ва умқи об ба 6 м, ҳаҷми об 30,5 млн.м³ мерасад. Гил (лойқа) хосияти часпаку сакичак дорад. Ранги лойқаи зери кӯл аз хокистарии сафедҷатоб то ба сиёҳ тағйир меёбад. Ҳарорати лойқа дар фасли гарми сол аз канори кӯл ба самти марказ аз 10 то ба 27°С баланд мешавад. Лойқа бо метан (64,4%), нитроген (33%), оксиген (2,1%), гази турши ангишт (0,5%) ғанӣ гардидааст. Маъданнокии намакоби кӯл дар сатҳи болояш 141 г/л ва ба самти қаър афзоиш ёфта ба 300 г/л мерасад. Дар сатҳи болоии кӯл

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё