Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

гирифтааст, ҷои тухмгузорӣ ва кирминаи ҳашарот мебошад. Қаъри кӯл бо гили хокистарранг фаро гирифта шудааст ва болои онро қабати ғафси намак пӯшидааст. Лоиқаи аз зери кӯл гирифташуда бӯи гидрогенсулфид дорад. Дар таркиби шӯроба ва таҳшиниҳои намаки галит, трона, бурнаит, тепардит ва бо миқдори кам танакор (бура) ва мирабилит ва як қатор элементҳои нодир (нуқра, мис, симоб ва ғайра) мавҷуданд. Реаксияи оби кӯл ба рН 9,4- 9,6 мерасад. Ғилзати (консентратсияи) баланди як қатор элементҳо ба мавҷудияти ҷинсҳои гранитоидии ин мавзеъ, мавҷудияти маъдани волфрам ва зуҳуроти полиметаллҳо алоқаманд мебошад. Ҳамзамон фаровонии микроэлементҳоро ба мавҷудияти гидротермҳои умқии таркишурағҳои аз ин элементҳо ғанӣ буда, вобаста мебошад. Дигар ин ки оби кӯл хосияти ишқорӣ дошта, муҳити ҳалшавандагӣ ва пайвастагиҳои комплексиро афзун мегардонад. Ниҳоят хосиятҳои тавсифшуда ба фузун будани буғшавандагии обҳои гидротермалии зеризаминӣ алоқаманд мебошад. Такшониҳои қаъри Сасиккӯл аз гил, рег ва галогенҳо иборат аст. Ҳамин тавр маълум мешавад, ки лойқаи Сасиккӯл на танҳо қиммати табобатӣ дорад, балки аз таркиби обу лойқаи он чанде аз элементҳо ба монандӣ литий, бор, волфрам, молибден ва ғайраро истеҳсол кардан мумкин аст. Таркиб ва хусусиятҳои физикӣ, химиявӣ ва биохимиявии кӯлҳои пиряхии Чуқуркӯлу Сасиккӯли шифокор ба талаботи лойқаи табобатӣ ҷавобгӯй мебошанд, аз ин хотир ин гилҳоро бо мақсади табобати бемориҳои гуногун истифода бурдан ба мақсад мувофиқ мебошад. Як ҷиҳати номатлуби лойқаи Сасиккӯл аз он иборат аст, ки часпакиаш камтар аст. Аз ин хотир ҳангоми

пешина
аз 93
навбатӣ