Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

пӯсти бемор ба дохили аъзои бадан ворид мешавад. Гази радонӣ хосияти таскиндиҳандаи дардро дошта, фаъолияти дилро хуб, фишори артериявии хунро мӯътадил, баъзе бофта ва аъзоҳоро фаъол мегардонад. Зери таъсири об ва лойқаи радонӣ барқароршавии торҳои осебдидаи асаб ва мушакҳо ба амал меоянд. Хотирнишон бояд кард, ки қабули обу лойқаи радонӣ (радиоактивӣ) ҳатман зери назорати қатъии табиби табобаткунанда сурат гирад, зеро қабули аз андоза беши ин унсурҳо таъсири манфӣ бахшида метавонанд.

Шоркӯл бо кӯли обаш ширини Рангкӯл тавассути рӯди дарозиаш 2,5 км пайваст мебошад. Хокҳои канори кӯл шӯрзаминанд, дар гирду атрофи тунукобаи кӯл набототи тӯҳлаб дучор мешавад. Ҳангоми дар тобистон буғ шудани оби кӯл сатҳаш хеле паст мешавад, ва зери он қабати тунуки намак месҳобад. Зери Шоркӯл аз таҳшониҳои эолӣ (гилу рег) пур шуда, тунукоба шудааст. Дар гузашта сатҳи оби кӯл нисбат ба ҳозира 60-80 м баланд буд. Ба ин андеша таҳшониҳои кӯлӣ шаҳодат медиҳад.

Солҳои охир сатҳи оби Шоркӯл дар натиҷаи афзудани буғшавӣ паст ва майдонаш хурд шуда, ба нимаи ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо шудааст. Агар минбаъд алоқаи қисми ғарбию шарқии Шоркӯл хотима ёбад, онгоҳ қисми ғарбии кӯл оҳиста-оҳиста хушк шуданаш аз эҳтимол дур нест. Тафовути пасту баландшавии сатҳи об дар давраи камобӣ ва серобии кӯл ба 0.7 м баробар аст.

Сатҳи болоии Рангкӯл ва Шоркӯлро дар фасли зимистон бо қабати яхи ғафс пӯшида мешавад. Шоркӯл бо сабаби баланд будани дараҷаи шӯриаш нисбат ба Рангкӯли ҳамсоя аз мавҷудоти зинда- фито ва зоопланктонҳо камбағал мебошад.

пешина
аз 93
навбатӣ