Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
БОБИ IV. ҶОЙҲОИ ТАБОБАТИИ ТОҶИКИСТОН
Дар марзу буми Тоҷикистон беш аз 220 манбаи обҳои маъданӣ ошкор карда шудааст. Аз ин шумора 70 манбаъ тавассути даҳолати геологҳо дар натиҷаи кофтани пармачҳо ба сатҳи замин бароварда шудаанд. Чашмаҳои маъдании шифобахш қариб дар ҳамаи музофотҳои Тоҷикистон аз қабили Тоҷикистони Шимолӣ, Кӯҳистони Зарафшон, водии Ҳисор, Рашт, Вахш, Кӯлоб, Бадахшон вуҷуд доранд.
Дар заминаи гилҳои шифобахш ва обҳои маъданӣ дар Тоҷикистон чандин табобатгоҳҳо, осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо созмон ёфтаанд, вале онҳо нобаробар ҷойгир шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ҳамаи гурӯҳҳои чашмаҳои маъдании шифобахш дучор мешаванд. Вале мо интихобан нисбати чанд чашмаи маъдании дар Тоҷикистон хуб омӯхташуда ва васеъ истифодашаванда аз қабили Хоҷобигарм, Обигарм ва Гармчашма ба таври мухтасар маълумот медиҳем, то хонандаи гиромӣ ба ин навъи мӯъҷизаҳои табиию табобатии кишвар амиқтар шинос шаванд, қадр кунанд, истифода баранд, ҳифз намоянд.
4.1 Хоҷобигарм
Домани ҷанубии қаторакӯҳи Ҳисор тавассути фаъолияти рӯду дарёҳои сершумор ба таври бештар аз шимол ба самти ҷануб бурида шуда, ба водии Ҳисор баромадаанд. Зери фаъолияти ин рӯдҳо дараю водиҳои зебою дилнишин пайдо шудаанд. Дар байни онҳо водии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё