Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Дар ҳокимияти Шӯравӣ ин осоишгоҳ мақоми умумииттифоқӣ пайдо намуда буд.
Нафақат оби гарми муолиҷавӣ, балки манзараҳои дилфиреби табиат – гулу гиёҳ, обу ҳавои форами тобистон ҳузуру ҳаловатро фароҳам оварда, рафти табобатро метезонид. Чаҳор тарафи мавзеи Хоҷобигармро кӯҳҳои баланд ва дарраҳои зебои ҷангалзор (бештар чормағз, бед, сафедор, қайрағоч, олуболӯи ёбоӣ, гулхор, дулона ва ғайра)-ҳо фаро гирифтаанд. Баландтар аз бешазор маргзорҳои гуногуналаф доман паҳн кардаанд. Барои инкишофи ҷангалу буттазорҳо ва маргзорҳо боришоти фаровон (1400 – 1600 мм) мусоидат кардааст. Дар қисмҳои баланди кӯҳ барф ва пиряхҳои на чандон калон хобида, салобати онро чун мӯйсафедони салласафеди нуронӣ боҳашамат гардонидаанд. Чунин шароити накӯ барои инкишофи варзиши лижаронӣ, кӯҳнавардӣ, сайру сайёҳат мусоиданд. Мутаассифона, ҳанӯз ин захираҳо ба таври кофӣ истифода намешаванд.
Дар байни ҷангалзору маргзорҳо ба ҳайвонҳои сершумор, хирс, рӯбоҳ, гург ва гоҳо бо шерпаланг вохӯрдан мумкин аст.
Иқлими мавзеи Хоҷобигарм нишондиҳандаи хуби табобатӣ ва истироҳатиро доро мебошад. Ҳарорати ҳаво дар фасли гармтарини сол ҳам мӯътадил аст, тағйирёбӣ хеле кам рух медиҳад. Дар моҳи август ҳарорати ҳадди аксар ба 28°С ва ҳадди ақал ба 10,8°С мерасад. Намии ҳаво дар тобистон паст, абрнокии нокифоя, бориш кам аст. Бодҳои нофорами баландсуръат намевазанд, баръакс шамолҳо форам мешаванд. Ҳаво тозаю бегубор ва ионнокиашон баланд аст. Радиатсияи офтоб низ баланд мебошад. Аз ҷиҳати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё