Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Расми 4. Хоҷобигарм

Истифодаи тиббӣ-амалии чашмаи гарми маъдании Хоҷобигарм соли 1934 оғоз ёфт, ки 25 кат дошт, соли 1935 ба 40 кат, соли 1936 ба 50 кат расонида шуд. Байни солҳои 1936 – 1941 шумораи катҳо ба 100 адад расида буд. Агар солҳои 60-уми асри гузашта осоишгоҳи Хоҷобигарм дар як мавсим 1500 нафар ниёзмандоро ба табобат фаро мегирифт, ҳоло он ба 7 - 8 ҳазор нафар расид, дар фасли зимистон низ ин осоишгоҳ фаъолият менамояд. Дар осоишгоҳи Хоҷобигарм бемориҳои дил, рагҳои хунгард, узвҳои ҳаракат, сутунмӯҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои занона, гурда, узвҳои ҳозима ва дигар бемориҳо муолиҷа карда мешаванд. Барои табобати маризон аз гилҳои шифобахши кӯлҳои кишвар васеъ истифода мебаранд.

пешина
аз 93
навбатӣ