Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Нисбат ба Хоҷобигарм пастар воқеъ гардидани Обигарм боз ба чандин аломатҳои фарқкунандаи табиию географӣ оварда расонидааст. Дар ин ҷо мавсими қабули табобат нисбат ба Хоҷобигарм тӯлонист (ибтидои моҳи май то ноябр), ҳоло мизоҷонро дар мавсими хунуки сол низ ба табобату фароғат қабул карда метавонад, яъне зимистон мӯътадилтар аст (Холбегов М.Е., Акобиров Ш., Баҳромов А.М., Ризоева О.А. Курси лексияҳо аз фанни географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография, Душанбе, 2013, с. 167).

Ҳарорати миёнаи зимистони ин ҷо - 10°С мешавад. Гоҳо агар бодҳои хунуки шимолӣ вазанд, зимистон то - 20 - 30°С хунук мешавад. Аммо аксар вақт дар натиҷаи таъсири бодҳои гарми ҳавои зимистон, ҳатто, то 13 - 17°С гарм мешавад. Зимистони Обигарм сербарф аст, баҳор аз моҳи март сар мешавад. Ҳарорати ҳавои моҳҳои март - апрел 20 - 28°С, моҳи май то 31°С баланд мешавад. Моҳи аз ҳама гарм июл - август буда, ҳарорати миёна 23 - 25°С ва гоҳо то ба 38 - 40°С баланд мешавад. Шабона аз қуллаҳои кӯҳ ба поёнии дараю водӣ шаббода вазида ҳавои атрофро салқину гуворо мекунад. Тобистон аксар вақт ҳаво соф мешавад. Чунин рӯзҳо дар моҳҳои мавсими гарми сол ба 96 мерасад. Намнокии нисбии ҳаво дар ин фосила кам буда, ба 27% баробар аст, моҳи сентябр ҳаво хунуктар мешавад, вале намнокӣ 23 фоизро ташкил медиҳад.

Тирамоҳ Обигарм салқин аст, ҳарорати миёнаи моҳи сентябр +19°С, октябр +12°С ва ноябр 5 - 6°С - ро ташкил медиҳад. Аммо, ҳангоме ки бодҳои гарм аз тарафи ғарб мевазанд, дар моҳи ноябр ҳам баъзан ҳаво аз 20 то 30°С гарм мешавад (Қ. Ҷӯраев. Д. 1971, с. 63).

пешина
аз 93
навбатӣ