Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
ҳарораташон бевосита истифода бурдан мумкин мебошад. Хусусияти дигари фарқкунандаи чашмаҳои маъдании Обигарм боз дар он зоҳир гаштааст, ки каммаъдан, ишқорию кремнийгист. Аз ҷиҳати сулфиди гидрогени таркиби оби чашмаҳои Обигарм нисбат ба оби чашмаҳои Хоҷаобигарм ду маротиба ва аз ҷиҳати радиоактивият чаҳор маротиба фузунтар аст. Аз таркиби оби маъдании Обигарм гази нитроген баромада меистад, ба назар чунин менамояд, ки об дар ҳолати ҷӯшонӣ мебошад. Хусусияти дигари фарқкунандаи чашмаҳои Обигарм боз дар он ифода ёфтааст, ки дар таркиби обашон силитсий, намакҳои калсий, натрий ва гашҳои радий зиёдтар ҳал шудаанд. Масрафи шабонарӯзии оби чашмаҳои Обигарм ба 5400 метри мукааб баробар аст. Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ва хосиятҳои давой чашмаҳои Обигарм ба чашмаи Схалтубаи Гурҷистон монанд аст.
Иқлими мавзеи Обигарм барои табобат ва осоиш мусоид буда, таъсири судманд мерасонад. Чашмаҳои Обигарм (1300 м) нисбат ба Хоҷаобигарм (1960 м) 660 м паст воқеъ гардидааст. Дигар ин ки мавзеи Хоҷаобигарм ноҳамвор аз шебу фароз иборат аст, вале мавзеи Обигарм ҷойи ҳамвортар буда, барои ҳаракати мизоҷони гирифтори касалиҳои узвҳои такяву ҳаракат нисбатан мусоид мебошад.
Бартарии дигари Обигарм аз Хоҷаобигарм боз аз он иборат аст, ки бо сабаби 660 м паст ҷойгир шуданаш имконият фароҳам омадааст, ки дар инҷо касалиҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландии хун, сактаи дил) бомуваффақият табобат карда шаванд (В.А. Серебряков., К.Я. Белкин. С. 1957, с. 24).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё