Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

ҷӯшон ва 43 тояшон хунук мебошанд. Аксарияти чашмаҳои ин вилоят дар ҷануб воқеъ гаштаанд.

Дар байни чашмаҳои шифобахши Бадахшони Тоҷикистон Гармчашма, Авҷ, Яшилкӯл, Қизилработ, ҶилонДӣ, Хозгуни, Жунт, Андароб, Баршор ва ғайра қимати хуби табобатӣ доранд. Бояд гуфт, ки дар байни ин чашмаҳо аз ҷиҳати хосиятҳои табобатӣ, нодирӣ ва истифодаи амалӣ барои табобату беҳдошти саломатӣ Гармчашма ҷойи намоёнро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар собиқ ИҶШС ишғол менамуд.

Гармчашма дар водии рӯди ҳамном 42 километри ҷанубии шаҳри Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим, ҷанубу ғарбии қаторакӯҳи Шоҳлара дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Масрафи умумии оби нӯҳ чашмаи ин ҷо ба 7 л/с расида, ҳарораташ аз 47 то $62^{\circ}\text{C}$-ро ташкил медиҳад, маъданнокиаш 3,4 г/л, дар таркиби об 37 навъи моддаҳои химиявӣ муайян карда шудааст. Ба ин қабил маҳтулҳо гидрокарбонат, намаки ош, маҳтулҳои сулфур, оҳан, гази карбон ва ғайра шомиланд.

Дар як литри оби Гармчашма 170 миллиграмм сулфиди гидроген, 135 миллиграмм кислотаи силикат ва 381 миллиграмм гази карбонат мавҷуд аст. Инчунин дар таркиби оби Гармчашма оҳан, алюминий, магний, стронсий, фтор мавҷуд буда, хосияти табобатии ин оби маъданиро баланд бардоштааст.

Оби Гармчашма хосияти ишқорӣ дошта, аз он ба миқдори зиёд газҳои $\text{CO}_2$ ва $\text{H}_2\text{S}$ ҷудо мешавад. Миқдори $\text{CO}_2$ ҳангоми аз сӯрохи берун баромадани об ба $400 - 500$ мг/л расида, ишқорнокиаш - $\text{PH}$ ба 6,4 баробар аст. Зиёд будани миқдори гази карбонат ва ҳарорати баланд доштани об онро ба нарзанҳои нодир дохил менамоянд. (Е. Т. Исаева. Д. 1972. с. 25). Аз ин ҷиҳат ба чашмаҳои Пятигорск ва Железноводск наздик аст.

пешина
аз 93
навбатӣ