Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Оби Гармчашма аз байни сангҳои садафини масомадор фаввора зада то 1,2 м баланд мебарояд. Таркиби таҳшониҳои сангшуда аз карбонати калсий (оҳак) иборат аст ва суффачаҳои аз он ташкилёфта басо дилрабоянд.

Тавсифи илмии аввалини ин чашмаро набототшинос Б.А. Федченко, санитар Н.И. Берёзкин, соли 1930 Е.Г. Андреев, соли 1933 Н.Е. Хрисанфов ва Г.И. Жуков додаанд. Солҳои 1959 - 1962 ин чашмаро дастаи гидрогеологияи Помир омӯхтаанд. Вобаста ба фаслҳои сол ва вазъи обу ҳаво масрафи оби чашмаҳо тағйирёбанда мешавад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки манбаи оби чашмаро обҳои барфу борон ва пиряхҳо мебозанд. Оби чашмаҳо дар тобистону тирамоҳ бештар мешавад, ки ба об шудани пиряхҳо вобаста мебошад. Тавсифи васеъи хосиятҳои кимиёвӣ, аломатҳои физикӣ, шароити иқлимӣ ва тарзу усулҳои табобат барои бемориҳои гуногун дар китобчаи Е.Т. Исаева. „Оби шифобахши „Гарм - чашма”. Д. с.1973 дода шудааст.

Дар ҷойи баромадгоҳи оби чашмаҳо ҳавзу ҳавзчаҳо пайдо шудаанд, ки ҳарорати обашон гуногун аст. Ҳавзи нисбатан калони Гармчашма то ба 0,5 м чуқурӣ дорад ва дар зери он таҳшонии тунуки мулоим хобонида шудааст.

Иқлими Гармчашма ба худ хоси континенталӣ мебошад. Тобистони ин мавзеъ салқин ва камабри бебориш аст. Ҳарорати максималӣ моҳҳои тобистон 20 – 22°С – ро ташкил медиҳад. Ҳарорати моҳҳои аз ҳама гарм – июл - август аз 32 – 35°С беш намешавад. Зимистони Гармчашма аз охири моҳи ноябр сар шуда, то моҳи март давом мекунад. Ҳарорати моҳҳои декабр ва январ -5 - 7°С мешавад. Баъзан ҳарорати зимистон ба -20 – 30°С паст мефарояд. Намнокии нисбии ҳаво дар

пешина
аз 93
навбатӣ