Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
тобистон 25 - 35% ва зимистон 50 - 65% мешавад (Қ. Ҷӯраев. Д. 1971. с. 68).
Мавзеи Гармчашма камбориш аст, миқдори он қариб ба 100 мм мерасад. Дар Гармчашма рӯзҳои кушоди офтобӣ бисёр аст, давомнокии партавфишонӣ дар давоми сол ба 2500 - 3000°С мерасад (Е.Т. Исаева. Д. 1973, с. 27). Тобистон оҳиста ба тирамоҳ мегузарад. Охирҳои моҳи октябр ҳаво хунук шуда, боронҳои кӯтоҳмуддат меборад. Моҳи март сербориш, вале максимум ба моҳи май (34 - 38 мм) рост меояд.
Барои Гармчашма бештар бодҳои кӯҳию водигӣ хос аст. Бодҳои бештар бартарӣ дошта ғарбӣ ва шарқӣ буда, суръаташон ба 3,5 - 3,8 м/сония мерасанд.
Чашмаҳои гарму маъданӣ чун ҳодисаи нодири табиат диққати одамонро аз замонҳои қадим ба худ ҷалб намуда буд. Сабаб дар он буд, ки ёрии тиббӣ ва табибони таълимгирифта намерасиданд, барои давоҷӯйӣ ба чашмаҳои гарму шифобахш мерафтанд, онҳоро ҳамчун ҷойҳои муқаддас парастишу эҳтиром мекарданд.
Солҳои охир дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию маърифатии Кӯҳистони Бадахшон дигаргуниҳои назаррас падид омаданд. Инқилоби Октябр ба ин гӯшаи дурдасти Россия ёрии тиббӣ ва муассисаҳои табобатиро афзун гардонид, шифохонаҳо, амбулаторияҳо, таваллудхонаҳо бисёр шуданд. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати кадрҳои тиббӣ ба ҳар сари аҳолӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар байни Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд. Ин раванд дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаҳои худро дар ин самт боз ҳам равнақу инкишоф дод, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё