Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
– Вой бар ҳоли ман! Маҳбуби дилу дидаамро бой додам! Довудҷони маро куштанд. Азизам, маро танҳо нагузор. Ҷонакам, ман савгандамро фаромӯш накардаам. Дар зиндаву мурда якқавлем. Ин дунё бе ту ба ман ҳаром аст.
Офтоб ҳам шуда, ханҷарро аз дасти лойолуди Партов гирифт. Гиребони куртаашро кушода, мехост ба умраш хотима бахшад.
Довуд дер ба худ омад. Аранге овози навҳаи Офтобро шунида, оҳиста даст ба китфи ӯ гузошт. Офтоби гирён як қад парида, дар зери пардаи ашк симои ба табассум моили шавҳарашро дид. Ханҷарро як сӯ ҳаво дода, худро ба болои вай партофт...
Довуд бо ёрии Офтоб қомат бардошт ва онҳо роҳи ҳаётро идома доданд. Дар оғӯши дашти фарох аспи ҳайрону ҷасади беҷони Партов танҳову бекас монданд.
Тӯрфа – турфа мурғони нағмасанҷ дар фазои равшану беғубори дашт хушхонӣ доштанд...
– Қиссаи муҳаббати онҳо дар ҳақиқат ҷонон қисса будааст, – рӯй аз дастхат бардошта, нигоҳи хастаамро ба Ҳамдам равона кардам.
– Ба садоқати онҳо бояд сари таъзим фуруд овард.
– Акнун чӣ кор карданиед? – гӯё савгандамро адо карда бошам, дилам таскин ёфта, дастхатро ба мухбир баргардондам.
– Бо тавсияю фотиҳаи шумо ба идораи маҷаллаи «Садоқат» мебарам, – Ҳамдам дастхатро ба ҷузвдонаш ҷой кард.
– Гумон мекунед, ки маҷалла ин қиссаро чоп мекунад? – нобоварона пурсидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё