Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҶОДУГАР

Мошин дар назди дарвозаи дутабақаи чӯбин омада истод. Мӯйсафеди қазоқсимое, ки чанд дона ришу бурут дошт, дар пешам рост шуд.

— Салом, бобо. Номи ман Мардон, — гуфтам хушҳолона.

Мӯйсафед гӯё маро аз давраи кӯдакӣ мешинохта бошад, хандида коми бедандонашро нишон дод.

— Лакай ду нам дара. Чарӣ ё Панҷӣ.

— Шумо кадомаш?

— Ма? Кӣ мешид? Чарӣ — да. Худараҳматии атам ҳамита нам мандай.

— Ман коргари наватон, — бо ифтихор ва ҳавобаландона як қадам худро аз пири қоматхамида қафо гирифтам. — Вазифаи ман ходими хурди илмӣ.

— Вазипаи ма ҳисоб надара, — Чорӣ — бобо табақи дуюми дарвозаро кушод. — Бист салай, ки ма ҳам боғбануму ҳам пасбанум. Кари ошхона ҳам дар кипти манай. Мудири анбар, чойхоначию подавонум. Хонаю ҳавлия ҳам мерум. Гавам меҷӯшум.

— Уҳу, Салими садкора будед — ку.

— Салим — палима намедонум. Ай пагаҳӣ то ними шаба ҳамичада чухтум.

— Ягон ихтисос надоред? Касбу ҳунар?

— Ма одами бесавад. Чарводорӣ ҳунари манай. Я сурук гуспада ай бари теппа гузаран бехато ҳисоб мекунум ва чанташ буғузай мегум. Ана, ҳаминай касби ма.

Кибру ғурури ман аз ба забон гирифтани вазифаам, ки онро роҳбари Пажӯҳишгоҳ басе моҳирона дар қалби ман ҷой дода буд, дар назди ин пирамарди хоксори меҳнатӣ ба куҷое парида рафт...

пешина
аз 164
навбатӣ