Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Солҳои ҷавонии худро ба ёд биоред? — ҳандида савол додам.
Ҷорӣ — бобо маро болои кати назди дарвоза, ки зимистону тобистон ҷойи хобаш буд, шинонд. Пиёлаи чойи сабзро сӯям дароз кард, бо ангуштони шахшӯл чор дона буруташро бо викор тоб дода, лаб ба сухан гушод.
— Ӣ салҳа алав будум, алав. Аспи турука ай ағил беаваз бараварда, та паяни ҳата этал кадум. Ба асп парида савар шидуму раи Исанбая пеш гириптум. Бараи дидани Айқиз раптум. Айқиза ма дар вақти чавандазӣ дида будум. Ай ҳами рӯз зшиқ шудум. Я рӯз аспда савар када, гурехтум. Саҳар ба ҳавлӣ дарамадум, ки худараҳматӣ атам сари раҳма гирипт.
— Чарӣ, бачам, чӣ овардӣ?
— Ата, адам авардум, — натарсида гуптум. — Баъди я сал Айқиза ба ханашан бурдум. Даҳ рӯз пас раптум. Айқиз нест. Кампири ачаш гупт:
— Зани тура Панҷӣ дуздида бурд.
— Ай кахру намуса аспа чапҷа гарданда, ай қапош давандум. Дар Шаҳритус қапидум. Карда кашида, ба шиками Панҷӣ зада, ба даряи Капарниҳан партаптум.
— Занатон дар ҷавониаш бениҳоят хушрӯй будааст — да? — ба таърифи хусну чамоли ҳамсараш гузаштам
— О — о — о, — дахон маза дод Ҷорӣ — бобо. — Ба хана дараварда, дару тирезара маҳкам мепӯшидум, хана рӯшан мешид.
Ҳеҷ боварам намеомад. Аз дил мегузарондам, ки наход кампираки кӯзапушти ба қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ шабоҳат дошта, дар ҷавониаш басе зебосанам бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё