Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Фардо бегоҳӣ албатта биё. Фаҳмидӣ, биё. Ман интизор мешавам.

Пас аз як моҳ рӯзе пагоҳӣ ба шаҳраки Ёвон рафта, баъзе майда-чуйда, рӯзномаю маҷалла ва аз мағозаи китобфурӯшӣ асари Сорбон «Ҷӯгӣ»-ро барои Гулҳарам харидам. Тасаввур мекардам, ки ӯ китобро хонда, чӣ хел хурсанд мешудагист.

Дар истгоҳи деҳа аз автобус фуромада аз назди чойхонаи сари роҳ гузашта хостам, ки каме дам гирам. Ҳаво бениҳоят тафсида, аз шиддати гармӣ нафаси кас мегашт. Дар кати паҳлуи як гурӯҳ ҷавонон хомӯшона нақли рафиқашонро гӯш мекарданд. Ба гӯши ман аҳён-аҳён калимаҳои «ҷӯгӣ», «фолбин», «ҷодугар» даромаданд. Ба онҳо наздик шудам. Ҷавони бинипучуки рӯяш доғи кунчитакдор бо ҳарорати махсус ҳикоя дошт.

– Муфаттиши прокуратура мараю Сафари Миров ай сари замин гирифт. Шумо шахсони холис мешавен гуфт. Мо пурсидем, ки шахсони холис гуфта чира меган. Муфаттиш хандид. Дар я кор иштирок мене гуфт. Мо ба ҳамдигар ниго кардем. Бо саволуш додем. Дар кадом кор? И дафъа муфаттиш чишмола тала кад. Ҳар ду тарсида дам ба дарун задем. Ба мошини пури милиса савор шудем. Мошин омада дар пеши хонаи фолбин истод. Маю Сафари Миров ай мошин фуромадем. Муфаттиш ба дари хонаи ҷодугар наздик шид. Хоҳ бовар куне, хоҳ не зонуҳом ба ларза даромадан. Сафари Миров боша пахта воре сафед шид.

Қати муфаттиш ба даруни хона даромадем. Ба пешвози мо ҷӯгидухтар хест. Бачагар ҳамита хушрӯҳай, ки даҳанут воз мемона. Агар ов хӯра дар куртакуш метава. Дурӯғ

пешина
аз 164
навбатӣ