Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Охир, шумо ҳам модар доред, — фолбин чунон самими гап зад, ки муфаттиш дақиқае худро гум кард. Вале чизе ба ёдуш омад, ки аз аввала ҳам баланд дод зад.

— Сари мара гаранг накуну ба берун баро. Маю Сафари Миров аз ваҷоҳати муфаттиш тарсида, давида ба берун баромадем. Аз қафои мо муфаттиш бобиқорона аз дар баромад. Ҳанӯз аз остонаи дар се қадам намонда буд, ки пешпо хӯрда болои замин гумбурросзанон афтид. Кулоҳаш ба як тараф ва коғазу қаламаш ба тарафи дигар париданд. Ду милиса тоқат накада баланд хандидан. Ма коғазу қалами титу парешонша ҷамъ кадуму Сафари Миров кулоҳаша аз замин бардошта, се бор ба сари зонуш зада аз чангу хок тоза кад.

Муфаттиш ба ҷойи миннатдорӣ аз каштали Сафар гирифта дод зад, ки ин чӣ кори кардагиат буд, қолаби кулоҳма шикастӣ.

— Фолбин ҷоду кадай, — луқма партофт яке аз ҷавонон.

— Хап бест. Гапма набур. Исунша гӯш кунс. Муфаттиш ҳайрон ба қафо нигоҳ кад. Ӯ дар ҳайрат буд, ки чӣ хел дар ҷойи ҳамвор пешпо хӯрда афтидай. Баъд милисаҳора ҷанг кад. Ӯҳҳо ба сари духтара давидан. Оварда ба мошин савор кадан. Мошин аз ҷош наҷумбид. Фолбина аз мошин фуровардан. Мошин ба ҳаракат даромад. Се бор ҷодугара ба мошин савор кадан, се борам мошин аз ҷош наҷумбид. Муфаттиш боша девона шид. Гоҳ пеши духтар медавиду гоҳ ба сари шофира дод мезад. Бечора шофир гирди мошин чарх мезад. Дар ин даву геҷ ҳеҷ кас нафаҳмид, ки овози муфаттиш кулф зада, худуш беҳуда дастак мезана.

Ҳами вақт доду фарёди чӯгиҳо сар шид. Ба усу нигоҳ кадем ҳуш аз саромон парид. Хонаи Зикири чӯгӣ сӯхтастай.

пешина
аз 164
навбатӣ