Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
дар чашмонам. Дар як даст зарфи шишагӣ ва дар дасти дигарам тӯри ҳашаротдорӣ буд. Дар ин афт ҳақиқатан ба хӯсаи майдони полиз шабоҳат доштам.
Духтарон дар соҳили ҷӯйи калони байни пахтазор давра нишаста, истироҳат доштанд. Яке рӯймол медӯхт ва дигаре нақш мекашид. Баъзеҳо дароз кашида, масти хоб буданд. Ҷавонзане оина медошт ва дугонааш ба абрӯи ғафси сиёҳаш ӯсма мекашид. Нозанине сар ба зонуи дугонааш гузошта, ба хаёли ширин дода шуда буд. Ниҳолаки рӯймолсурхак пушт ба дигарон нишаста, мӯйи сиёҳи дарозашро мефт. Гурӯҳи алоҳида байни худ сармасти баҳс буд. Дилбари дилкаше танҳо дур аз дигарон китоб мехонд.
Баробари маро дидан садои хандаи баланд давраро пахш кард. Ду – се дақиқа худро гум кардам. Чор – панҷ духтар барои эҳтиром аз ҷо хестанд. Духтаре, ки дар даст китоб дошт, суп – сурх шуда бо зарда барошуфт:
Шарм намедоред! Ба ҷойи иззату эҳтиром дахонатонро калӯши куҳна барин кушода мондед.
— Назаруш мора нагира, чува ҳурматуш мекардем, — ҳадақа ҷавоб гардонд духтари миёнақади зардинамӯй ва бо ҷаҳл рӯ ба рӯи дугонааш рост шуда, дастонашро ба миён гирифт. – Ту, Ҳавасмоҳ, иқа бисёр ҳавасут нараваю худта беҳуда насӯзон. И мардак кафтари боми дигарай.
Барқсо ба ёдам омад. Ана, Ҳавасмоҳаш кӣ будааст? Пас ҳамин духтар ҳар моҳ ба ман мактуб мефиристодааст. Духтар худро гум карда, гоҳ сурх мешуду гоҳ сафед.
— Ӯ боми кӣ боша? – ҷавонзане кунҷковона савол дод ва бо ин амалаш Ҳавасмоҳро аз ҳиҷолат баровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё