Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Аҳ, Худоё! Ин тифл чӣ гуноҳ дошт. То ҷони инро гирифтан ҷони мара мегирифтӣ, намешид.

Ман овоз намебаровардам. Кундае будам. Дарун ба дарун сӯхта, нолаю фиғони мӯйсафедро бе ҳис гӯш мекардам.

Ҷорӣ – бобо тифлро ба гӯр гузошт. Болои ҷасадров хок пӯшонда даст ба дуо бардошт...


Пас аз чанд рӯз Ҷорӣ – бобо латтапечеро ба дастам дод. Бо дили пурҳаяҷон онро кушодам. Ин китоби Гулҳарам буд. Онро ба сандуқи сина зер карда, ба чашмонам молидам. Аз китоб бӯи Гулҳарам меомад. Бо ангушти ларзон саҳифаи якуми китобро кушодам ва ин ҷумларо хондам:

«Фол амали махсусест, ки ба воситаи он кор ё ҳоле бо некӣ ё бадӣ гӯё пешгӯӣ карда мешавад».

Китобро болои пештоқи дар гузоштам. Ҳангоми даробуро чашмони ман ҳатман ба китоб бархӯрда, беихтиёр симои зебои чӯгидухтар пеши назарам меомад ва ман тамоми рӯз ба ёди ишқи нокоми ҷодугар гашта, ин шеъри Амир Хисрави Деҳлавиро чун девонагон зери лаб замзама мекардам:

«Зи баҳри фол агар Хисрав китоби ишқ бикшояд,
Зи аввал сафҳои ғам достони ман бурун ояд».

пешина
аз 164