Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чеҳраи мӯйсафед тағйир ёфт. Ангушти ишорат ба лаб бурду хомӯширо ихтиёр кард. Бо имо фаҳмонд, ки масҷид ҷойи сӯҳбат нест. Ба пешгоҳ гузашт, дигарон аз қафояш саф бастанд.

Фозил мунтазири хотимаи намоз чашм аз ходим намеканд. Ӯ низ тоату ибодаташро аз рӯи зарурат давом дода, гоҳ – гоҳе пинҳонӣ ба сайёҳ менигарист. Намоз ба охир расид. Мардум масҷидро тарк карданд. Махсуми Зайниддин аз дасти Фозил гирифта ба берун баромад. Дар кӯча паҳлуи ҳам хомӯшона қадам мезаданд. Ба хона даромаданд ва соҳиби манзил писари дӯсташро ба оғӯш гирифта, ашки ҳасрат рехт ва пас аз ором гаштани дилаш ба сухан даромад.

— Фозилҷон! Ман бояд ба хотири дӯстам туро бо обу иззат пешвоз мегирифтам. Мол кушта, ҳамаи ҳамдеҳагонро даъват намуда, шиносат намоям. Лекин..., — мӯйсафед дақиқае хомӯш монд.

Фозил мехост дар бораи падараш пурсад, дар куҷо будани Марворидро ҳам фаҳмад. Аммо мӯйсафед боз лаҷоми суханро ба даст гирифт.

— Вале пеш аз муҳоҷирати маҷбурӣ дар деҳа овоза паҳн шуд, ки ту ихтиёран ба тарафи душман гузаштаӣ. Ба ту тамғаи «хоини Ватан» часпониданд. Маъмурон ҳар дам падаратро ба пурсиш даъват карда, истинтоқ менамуданд. Дили Рӯзӣ ба ин азобу азият тоб наовард. Соли панҷоҳу сеюм, пеш аз вафоти Сталин, дунёро падруд гуфт.

Пирамард боз лаб фурӯ баст. Хона ба коми сукути вазнин рафт. Фозил ашки чашмонашро нигоҳ дошта наметавонист.

пешина
аз 164
навбатӣ