Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Орзуи кушодани асрори ишқу муҳаббати бемонанди ин пиру кампир дар дили ман бештар қувват гирифт. Аммо бо кадом роҳ ба матлаб расиданамро намедонистам. Рӯзе ин нияти худро ба модар гуфтам. Ғайричашмдошт вай чашм ало кард:
— Ту мондию қиссаи ишқи пиру кампир. Рав аз пайи кори худат! Рӯзҳои охирини тирамоҳ буд. Субҳи барвақт касе дарамонро кӯфт. Падар саросема ҷома ба китф гирифта, ба берун шитофту лаҳзае пас баргашт. Чашмонаш аз шодӣ медурахшиданд.
— Ҳамсоя аз олам гузаштааст!
— Акнун ба мақсад мерасед, — киноя зад модарам.
— Даматро гир! Барои ояндаи шумо ҷон меканам!
— Мебинам, — писханд зад модар. — Беҳтараш камтар шароб хӯред. Мағзатон равшан шавад. Охир, одам аз дунё гузаштааст.
— Қорат набошад! — сахттар дод зад падар. — Аракро бо пули худам мехӯрам!
— Оҳиста, ҳамсояҳо шунаванд айб мешавад. Ҳоли кампири бечора чӣ мешуда бошад? — суханро дигар сӯ тоб дод модар.
— Холаи Офтоб беёд хобидааст.
— Вой, бечорае, дар чашмони модар ашк ҳалқа зад.
Ба сарам як сатили оби хунук рехтанд, бо дили гирифта берун баромадам. Мардум хонаи бобои Довудро печонида буданд. Холаи Офтоб ҷисми сарди бобои Довудро ба оғӯш гирифта буду раҳо намекард. Ҳамсояҳо байни худ пичир — пичир доштанд. Дар охир сардори маҳалла Холмат назди сардори хоҷагӣ омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё