Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
-
Бераҳмона асп давондӣ да, — Партов даст ба гардани арақшори асп бурд. - Гӯё аз қафоят селаи гургон ҳуҷум карда бошанд.
-
Аз танҳо буданат ташвиш шудам.
-
Меистодӣ. Тӯйро тамошо мекардӣ, - Партов бо ҳавас оби даҳонашро фурӯ бурд. - Охир, ҳуҷаин як духтари соҳибҷамол дорад, ки ба хироҷи мамлакат меарзад. Номаш Офтоб, чун офтоби ростӣ нур меборад.
Довуд аз ҷавоб сар печид. Аспи беқарорашро аз зин озод намуда, ба чаро сар дод.
-
Бисёр мехостам, ки боз як бори дигар ӯро бубинам, - Партов орзуяшро ошкор кард.
-
Ин қадар худатро нахӯр, — ӯро ором карданӣ шуд Довуд.
-
Ин дафъа кор барояд, ҳатман туро ба хонаи ҳуҷаин мефиристам.
-
Аз ростӣ? — аз хурсандӣ Партов дар ҷояш парид. — Қавли мардӣ!?
-
Қавли мардӣ! - Довуд барои тасдиқи суханаш даст дароз кард.
Партов бо миннатдорӣ дудаста, дасти боқуввати ҳамкорашро фишурд...
Довуд дар назди пирамард сари зону нишаст...
-
Писарам, дар чеҳраат тарсу ҳарос мебинам, — мӯйсафед даст болои китфи паҳлавон гузошт.
-
Ин ҷавонмард писари ҳуҷаинам, - Довуд ба тарафи Нусрат, ки дар майдон бовиқорона қадам мезад, гардан тофт.
-
Паҳлавон бояд дар ҳар вазъият оини ҷавонмардиро риоя намояд, - нигоҳи пирамард қатъиятро ифода мекард. - Барои мардонагиат фотиҳа медиҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё