Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Бо Тошпӯлодбой кудо шуданиям, — ин дафъа Маннон саҳл овозашро баланд сар дод.
— Магар ақлатро хӯрдай, ки бо думи мор бозӣ кардан мехоҳӣ?
— Бо ин восита мехоҳам, ки ояндаи неки Партовро таъмин намоям.
— Ту ҳам марди гулӯ гаранг набудай! — оқсақол пас аз дуру дароз фикр кардан лаб ба сухан кушод. — Гумон мекунӣ, ки Тошпӯлодбой духтарашро ба туи камбағал медиҳад.
— Барои ҳамин назди шумо омадам.
— Ин кори ҳазл нест! — Турдӣ ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифт. — Дастовези муносиб лозим.
— Боз ду гӯсфанди дигар меорам, — даст пеши бар гирифт Маннону аз дил гузаронд: «Агар дуздии мешҳоро хӯҷаин ошкор намояд, ба гардани Довуд мезанам. Ин ҳам як воситаи халосӣ аз ин шумқадам аст».
— Ин хел бошад, вазифаи мушкилро ба гардан мегирам, — дили Маннонро пур кард Турдӣ. — Гӯсфандхоро кай меорӣ?
— Бегоҳӣ. Пас аз торикӣ фаромадан.
— Моли Тошпӯлодро надуздида бошӣ, ки ҳар дуямон дар бало монем? — мизбон теғ кашида ба дахмарда нигарист.
— Худо нигоҳ дорад — е, оқсақол, — Маннон сарашро хам кард, то ки Турдӣ ифодаи тарсро дар чашмонаш пай набарад. — Наход, синну солам ба як ҷо расидаасту ба ин гуна разолат даст зада, хонаи ҳалоламро ҳаром кунам.
— Хавотир нашав, дар омади гап гуфтам, — соҳиби хона зуд мавзӯи суҳбатро дигар кард. — Ин ҳафта баъзе корҳои таъҷилӣ дорам. Худат азобҳои маро медонӣ — ку. Ҷамъоварии андоз, ба хизмати сарбозӣ даъват кардани ҷавонону боз як қатор масъалаҳои дигар. Ҳафтаи оянда аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё