Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Сарриштаи сухан мекобад. Ҳангоме сар боло кард, Сафару Абдулҳамид баръало диданд, ки ду қатра ашк аз пилки чашмон ба рухсори рангпаридааш шориданд.

— Номам Фозил, насабам Рӯзӣ, — овози ларзонаш дар ҳуҷра паҳн гардид. — Аз тоҷикони Сангворам. Қиссаам дуру дароз ва талху фоҷиаомез аст.

— Худро ба даст гиред, — ӯро ором кардан хост Абдулҳамид. — Мо ҳамдиёри шумоем. Аз як хок, аз як Ватан. Тайёрем, ки нақли шуморо бо камоли майл шунавем.

— Зиндагӣ аз ибтидо лутфашро аз ман дареғ дошт, чархи гардун ба муроди дили ман начархид, — бо ҳамин суханон Фозил ба қисса кардани сарнавишти аламангезаш оғоз кард.

Гаҳе дил бишканад, гаҳ соғари айшам зи даст афтад,
Якеро бахт баргардад, шикаст андар шикаст афтад,

— баъдҳо ин шеъри шоирро хондам, ки дар ҳаққи ману ман баринҳо гуфта шудааст. Ҷанги хонумонсӯз напурсид, ки Фозил чӣ орзу дорад, хонаводааш, дилдодааш дар чӣ ҳоланд...


Рӯзии сиёҳҷурда ва кулӯлариш бо дӯсташ Зайниддин дар бари ёла дароз кашида, кори писарашро бо ҳавас наззора дошту дар баҳри хаёлот ғӯтта мезад.

“Хайрият, ки Худованд дар панҷоҳсолагӣ ба ман писар доду инак ӯ ҷавони ҳабдаҳсола ва аллакай дастёр шудааст.
Як сол пас ба ҳаждаҳ қадам мегузорад ва насиб бошад сарашро ҷуфт мекунам...”

Фозил ҳам ин замон аз қафои барзаговҳо қадам зада дар
бораи дӯстдоштааш фикр мекард. Намедонист ба волидайн
чӣ гуна мужда расонад, ки арӯси ояндаашро интихоб

пешина
аз 164
навбатӣ