Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ҷӯробу дастпӯшак бофта, ба фронт мефиристем.
– Чӣ хел фикри олиҷаноб! – табассуми хушҳолӣ дар симои котиб нақш баст. – Ҳамин фикр ба сарам наомадааст. Раҳмат, хоҳарам. Боз чӣ?
– Агар мумкин бошад, аз пахтаи чидаамон ягон кило гирем.
– Инаш барои чӣ?
– Халта бофта, ба ҷанговарон қокмева мефиристем.
– О, шумо раиси тапа – тайёр будаед – ку. Ин бобои Сайфиддин заршинос будааст.
Исоев бо хотири ҷамъ бошишгоҳи саҳроиро тарк намуд. Офтоб ба назди аъзои хоҷагиаш баргашт. Сӯҳбату хушҳолии занон якбора қатъ гардид.
– Зумрат, Назокат, Ҳоҷарбӣ шабона ба хонаи ман меоед, – амр кард раис.
– Чиба? – танҳо Ҳоҷарбӣ ҷуръат карда савол дод.
– Ҳамроҳи ман пашм ресида, барои ҷанговарон чӯробу дастпӯшак тайёр мекунем.
– Ита боша, ма ҳам миёям, – Қимат аз ҷояш парида хест.
– Майлаш, – розӣ шуд Офтобу рӯ сӯйи холаи Марворид гардонд. – Шумо зардолуятонро чида хушк мекунед.
– Кори ту ба зардолуи ма набоша, – бо ситеза гап гардонд холаи Марворид. – Ай райис шуданаш як соат нагузаштаю аллакай ба молу чизи мо даст дароз мекуна.
– Холаи Марворид, – наранҷид Офтоб, – зардолуятонро хушк карда, ба сарбозон мефиристем.
– Ҳа, ита бугу, – чеҳраи холаи Марворид шукуфт. – Ма гумои кадум, ки раиси пешинамон воре, ба хонаат мекашонӣ.

пешина
аз 164
навбатӣ