Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо аз ман хафа нашавед, ки маро ба ҷойи ҳамсаратон раис интихоб карданд, — Бедимоғов сабаби омаданашро дарҳол изҳор намуд. — Худаш гунаҳгор. Кори колхозро партофта, якбора ғайб зад. Ҳам мо, ҳам сардорон дар ҳайрат монданд, ки дар айни ҷӯшу хурӯши кор раисамон интизоми меҳнатро дағалона (Бедимоғов ин суханро махсусан сахт гуфт) вайрон кард. Охир, барои ин хел рафтор ҷазо медиҳанд! Бисёрҳо тахмин мекарданд, ки ба раис ягон ҳодиса рӯй додааст. Райком маро маҷбур кард, ки маҷлис гузаронам. Ҳамин тавр бо тавсияи Исоев колхозчиён маро раис интихоб карданд. Ин вақт шумо бо ҳамсаратон пайдо шудед. Вале кор аз кор гузашта буд.

Раис лаб фурӯ баст. Таъсири суханашро донистан хост. Довуд хомӯш дарди дили Бедимоғовро гӯш мекард. Ӯро кайҳо ҳамсояаш Марворид аз ҳодиса огоҳ карда буд. Аз рӯйи нақли зан Бедимоғов пас аз ду рӯзи ғайб задани Офтоб дари идораҳоро оҳурча намуда, талаб кардааст, ки ба ин кирдори раиси хоҷагӣ баҳо диҳанд. Райком маҷбур шудааст, ки сари ин масъала чора андешад.

— Омадани ман ба дигар масъала вобаста аст, — хомӯширо хотима дод Бедимоғов. — Бо қарори идора Офтоб ҳамчун говдӯш ба ферма гузаронида шудааст. Аз пагоҳ бояд ба кор сар кунад.

— Зани худатон чаро ба кор намебарояд? — якбора эътироз кард Довуд.

Раис аз Довуд чунин ҷуръати пурсишро интизор набуд. Қадре дасту по хӯрд. Забон хоид, чӣ гуфтанашро надонист. Аммо зуд худро ба даст гирифту ба ҳуҷум гузашт.

— Ту худат кистӣ, ки ба раиси колхоз сарбасар мешавӣ? Хоҳам, занамро ба кор мебароварам, нахоҳам, не.

пешина
аз 164
навбатӣ