Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Синну соли ман аллакай аз панҷоҳ гузашт, — Довуд каландро сари китф бардошт. — Дар бригада ҷавонони босавод зиёданд. Онҳоро пешбарӣ кунед.
— Ваъда медиҳам, ки ҳангоми қабул ба сафи партия ба шумо савол намедиҳанд, — котиб бори дигар кӯшиш намуд. — Агар савол диҳанд ҳам, Маркс кӣ буд ё Ленин кӣ буд гуфта пурсиданашон мумкин. Ку, шуморо худам як санҷида бинам. Калинин кӣ буд?
— Кал — и — нин, Кале — нин, Кали Ленин. Ин ҳамон Ленин, ки аз бисёр хондану мубориза бурдан сараш кал шуд, — таги обу арақ ҷавоб гардонд оброн. — Ба фикрам, ҳамин тавр.
— Мазоҳ мекунед, — чеҳраи Ҳайдаров тағйир ёфт. — Барои чунин гапҳо ба Сибир мефиристанд.
— Чӣ, ягон ҳарфи ноҷо гуфтам? — Довуд рафтан хост. — Ҳафа нашавед. Ин ҳама аз бесаводист. Аз ин рӯ маро ба ҳоли худ гузоред.
— Ба партия ки дохил шудед, номзадии шуморо барои гирифтани ягон мансаб пешбарӣ мекунанд, — котиб охирин воситаро ба кор бурд.
— Аз ҳафт пушти вазифа безорам, — Довуд каландро аз нав бардошт. — Ана, вазифаи ман. Ҳамин олот маро мехӯронаду мепӯшонад. Ҳамон вазифаро ба Бедимогов пешниҳод кунед. Ӯ сиёсати партияро доир ба ин масъала ба хубӣ мефаҳмад.
Ҳайдаров дуру дароз аз қафои оброн нигариста, аз портфелаш варақе баровард ва аз болои номи Довуд хатти сурх кашид...
— Ман дар ҳақиқат дар дастаи Анварпошо будам, — наҳаросида ба савол ҷавоб гардонд Довуд. — Акнун, шумо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё