Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷи магас дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: агар онро бо шароб бихӯранд, зоидани занҳоро осон мекунад.

Чун хармагасро дошта, сари онро дур намуда, ба гавҳараки чашм бо мудовамат бимоланд, онро дафъ мекунад. Агар ба ҷои газидаи занбӯр бақувват бимоланд, дардашро таскин медиҳад ва заҳрашро ҳам мекашад.

Магаси майда ё калони онро бо зардии тухми мурғ маҳин соида, гузошта банданд, дарди чашмро таскин медиҳад ва гӯшти зоидаи онро ба таҳлил мебарад (агар сахт нашуда бошад). Агар инро ба гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш башиддат ва бардавом бимоланд, мӯй мерӯёнад, вале батанҳоӣ бимоланд, варами чашмро таҳлил медиҳад.

Табиб Муҳаммад бинни Аҳмад гуфтааст, ки хӯрдани магасро хоҳ хом ва хоҳ пухта бошад, ҳиндуҳо барои қувват бахшидани чашм ва дафъ кардани ҳамаи офатҳои он озмудаанд.

Сари магаси сабзро дар сӯрохи закар гузоранд, он закаро башиддат ба ҳаракат меоварад.

Саргини магасро чун бо об ва асал бинӯшанд, барои дафъ кардани дарди рӯдаҳо, кулинҷ (колит) ва дарди гулӯи шадид озмуда шудааст.

Ҳаким Бағдодӣ навиштааст, ки як тӯда мардон ва занон гуфтанд, ки таҷриба кардаанд онҳо: саргини магасҳоро, ки шабҳо ба ресмон менишинанд, биёшоманд ва дар офтоб нишаста, доғи сафеди пӯст ва доғи песро кушода доранд, то ки обила кунад, ҳар дуи ин иллатро дафъ мекунад ва дар ин бобат хислати тухми гиёҳи пойи зоғро дорад.

Магасҳоро дар равғани кунҷид андохта, як ҳафта дар офтоб гузоранд, баъд магасҳоро пӯлида дур кунанд ва аз нав магас андозанд, ҳамин тавр чор-панҷ мартаба магасҳоро иваз карда, баъд фишурда, равғанро соф намоянд — ин равғани магас номида мешавад, равғани магасро бимоланд, ҳатман мӯй мерӯёнад.

  1. Алокузанг

Ин ҳашароти парвозӣ аст, ду навъ мебошад: ка- лон ва майда. Калонаш ба андозаи занбӯр аст ва май- дааш аз магас калонтар, паҳн, бадбӯ, ба гиёҳҳои тару

пешина
аз 702
навбатӣ