Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

дигар маҳсулоти ширӣ бихӯранд, иллати кулинҷро пайдо мекунад ва агар бардавом бихӯранд, ба иллати никрис (подагра) ва инчунин ба бавосир гирифтор менамоянд. Дар ин мавриди давоҳои гарммизоҷ, шароб, оби ангури ҷӯшонидаро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Агар ба одамони гарммизоҷ ин ҳодиса рӯй диҳад, сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, кифоя аст.

  1. Кирмак

Ин кирми пилла аст, ки ҳамаи мо бо он шинос ҳастем.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 10,5 грамм кирмаки хушккардаро кӯфта бихӯранд, дилтапак (дилбозиро) шифо мебахшад; ҳар рӯз 10,5 грамм кӯфтаи хушки онро бо шӯрбои гандум то чанд рӯз бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад, ранги рӯйро неку месозад, боҳро (пушти камарро) қувват мебахшад.
Кирмакро дар равғани кунҷид пухта, гузошта банданд, дарди гулӯи шадидро шифо мебахшад, варамҳои дигареро ҳам, ки аз сардӣ бошанд, таҳлил медиҳад.
Кирмакро ба гардани мурғ биёвезанд, он мурғ бисёр фарбеҳ мегардад. Хӯрдани гӯшти он мурғ баданро фарбеҳ мекунад, боҳро қувват мебахшад.
Хокистари кирмакро бипошанд, рутубати захмҳоро хушк мегардонад ва даҳони онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад; агар гузошта банданд, доғҳои гуногуни пӯстро дафъ мекунад.
ЯК адади кирмаки калонро дар латтаи арғувонӣ баста, ба худ биёвезанд, табро дафъ мекунад.

  1. Магас

Ин яке аз ҳашаротҳои парвозкунанда аст: хурд ва калон мешавад. Калони онро хармагас меноманд. Дар ранг онҳо гуногунанд: сиёҳ, сабз ва зард. Беҳтарини ҳамаи онҳо барои табобат магаси сиёҳ аст, баъд аз он навъи сабзаш мебошад. Бадтарини ҳама — зарди он аст ва он безаҳр намебошад.

пешина
аз 702
навбатӣ