Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Агар пешоб ё хуни онро занҳо бихӯранд, ҳомила шудани онҳоро қатъ мегардонад. Агар инро аз таг бардоранд ҳам, ҳамин асарро дорад.

Хояашро бирён карда бихӯранд, қуввати боҳро афзун мегардонад.

Чун хояи рости онро кӯфта, бо равғани зайтун бирён карда, ба порчаи пашмин олуда, зан ба худ бардорад, шахваташ нест мегардад.

Арасту фармудааст, ки 4,5 грамм аз хояи хушки он бо оби индов биёшоманд, дарди узвҳои даруни сина, дарди паҳлу ва бо кокути бихӯранд, дарди тиҳигоҳ (ҳолияки паҳлу)-ро дафъ мекунад.

Агар зан бар болои пешоби он бишошад, ҳаргиз
ҳомила намешавад.

Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва башиддат таҳлилкунанда аст. Беҳтарин саргинаш он аст, ки гург устухон хӯрда бошад. Аломати он бисёр сафед будани саргин аст, ки шахшӯл мебошад. 4,5 грамми инро бо оби гарм ё бо шароби сафед ва ё бардавом бо мурч ва намак бихӯранд, иллати кулинчро ба зудӣ шифо мебахшад.

Саргинашро бо асал даромехта, дар об ҳал карда, бо ин таркиб ғар-ғара кунанд, дарди гулӯи балғамиро шифо мебахшад. Агар инро сӯхта дуд кунанд, ба он мавзеъ мушон ҷамъ мешаванд.

Устухони буҷулаки пои онро ба зону бибанданд, дарди зонуро, ки сабабаш ҷамъ шудани бод дар он ҷо бошад, инчунин аз захмати ҳаракат ва нотавон гаштан аз бисёр рафтан бошад, дафъ менамояд.

Бар пӯсти он бихобанд, кулинчро (колитро) дафъ мекунад.

  1. Занбӯри сурх ва сиёҳ

Ин ба ҳама маълум аст, ки занбӯрҳои калон вақти зимистон дар хонаашон ҷо шуда, берун намеоянд ва ҳангоме ки ҳаво гарм гардад, берун меоянд, парвоз мекунанд. Агар ба вай равған бирезанд, мемирад, вале боз сирко аз болояш бирезанд, аз нав зинда шуда, ба ҳаракат меояд. Ин ҷонвар неши заҳрафкан дорад, мегазад.

Мизоҷаш бисёр гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: онро кӯфта, бо асал ва

пешина
аз 702
навбатӣ