Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

намак сиришта бимоланд, доғи песро дафъ мекунад, варамҳои сарди нармро таҳлил медиҳад.

Агар ба ин занбӯр одамони гирифтори иллатҳои сардмизоҷи кӯҳнаи асабониро, ки монандӣ: фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), сусту нотавон шудани аъзо ва ғайраро бигазонанд, бағоят фоида дорад.

Баъзе табибон мегӯянд, ки бачаи онро хушк намуда, соида, бо полуда (атолаи аз нишоста пухташуда) бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад.

Занбӯри сиёҳи кабудтобро чун дар равғани зайтун пухта, бимоланд, доғи пес, доғи сафеди пӯст ва доғҳои дигари чуқур бошанд, аз пӯст дафъ мекунад.

  1. Калтакалос

Инро дар як қатор маҳалҳо ба таври гуногун: келас, калпеса, калписа низ меноманд. Ин даштӣ ва ҳам ғайридаштӣ мешавад. Беҳтарини он дар бӯстонҳо будааш мебошад.

Мизоҷи ҳар ду навъи он дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Хослатҳои шифобахши он: агар инро кӯфта, гузошта бабанданд, тири дар бадан даромадаро кашида берун меоварад, инчунин хорро ҳам; озахҳоро хушк карда меафтонад, мӯрчагазакро шифо мебахшад.

Ҷигари хушккардаашро ба дандони кирмхӯрда бигузоранд, дардашро таскин медиҳад.

Калтакалоси хушкро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, ба сар ва ғайри он бимоланд, мӯй мерӯёнад; ба зери ноф бимоланд, пешоби бандшударо мекушояд.

Шиками онро чок карда, ҳамон тавр ба ҷои газидаи каждум бигузоранд, дардашро таскин медиҳад.

Саргинаш ё пешобаш ва ё хуни онро бо равғани зайтун даромехта, дар сӯрохи чурраи тифлон бичаконанд, чурраи онҳоро шифо мебахшад. Инчунин онро дар об ҷӯшонида, тифлро дар он об бишинонанд, низ ҳамин асарро дорад.

Вале хӯрдани калтакалос иллати сил ва бемориҳои шушро пайдо мекунад. Агар хӯрда бошанду зарар ёбанд, шарбати ревоч (чукрӣ) биёшоманд, ислоҳи зарар мекунад.

Он чӣ дар баъзе мардум ривоят ҳаст, ки агар инро бихӯранд, пес мешаванд — беасос аст.

пешина
аз 702
навбатӣ