Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва решҳои раддин бадфноли даҳони кӯдаконро шифо мебахшад. Инро бар бинии беморе, ки ба иллати саръ гирифтор бошад, бимоланд ё дар биниаш бирезанд, барои саръ шифо мебахшад. Заҳраи хушкашро бо асал даромехта ба чашм кашанд, оби дар гавҳарак фуромадаро дафъ мекунад, инчунин гули чашм ва обрави онро ба ибро меоварад.
Чунин шиками сангпушти даштиро шикофта, баъди куштан чизҳои дарунаш бударо гирифта партоянду баъд онро то сафед гаштан сӯзонида, бо равғани гов соида, ба латтаи карбосӣ молида, ба саратсни решгашта гузошта банданд, онро аз рим пок мекунад ва даҳанашро ба ҳам меоварад — дигар пайдо намешавад; инчунин барои захмҳои дигар ва сӯхтагии оташ ҳам даво мешавад.
Тухми онро ба миқдори донаи мурч бо харираҳои форами мизоҷ бихӯронанд, сурфаи кӯҳнаи кӯдаконро шифо мебахшад. Тухмашро бо даҳяк миқдори он арпабодиён якҷо карда бихӯранд, барои варами хояҳо давои бемисл аст. Агар тухми онро бо шири модараш ба тифл бихӯронанд, дард ва боди хояи тифлонро дафъ мекунад, инчунин ин тухмро дар равған ҷӯшонида бимоланд, низ онро шифо мебахшад.
Равғанашро бимоланд, чинтак шудани аъзо ва кузозро (столбнякро) ба ибро меоварад.
Сангпуштро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада нишинанд, ё заҳрашро дар об ҷӯш дода, дар он об даромада нишинанд, ҷурран (даббақ)-и кӯдаконро шифо мебахшад.
Гӯшти онро бихӯранд, чинтак шудани узвҳо ва кузозро шифо мебахшад, пушт ва бох (пушти камар)-ро қавӣ мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад ва маниро зиёда менамояд.
Косаи сангпуштро сӯхта, бо равғани гулисурх ва ё равғани тухми мурғ ё равғани кунҷид хамир сохта гузошта банданд, мӯйро мерӯёнад.
Дар омади гап, гирифтани равғани тухми мурғ ин тавр аст. Тухми мурғро дар об пухта, зардаи онро ҷудо карда, дар рӯи ҷумча ё тунукае ба оташ мегузоранд. Ҷумчаро андак қачтар мемонанд, то ки равғани аз зардаи тухм ҷудошуда ба як тараф резад. Вақте ки аз зардаи тухм равған ҷудо шавад, боз бо ягон чиз он зананд, ки сафед гардад, баъд онро бо равғани гов ва тар ҷудо гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё