Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

даромехта бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Агар онро бисӯзанд, аз дуд ва бӯяш ҷонварони зарарнок мегурезанд. Ин дудашро занҳои ҳомила ва зери шикам ва миёни поҳои худ бигиранд, бачаи онҳо ва ҳамроҳаки (ёраки) тифли онҳоро ҳамон дам аз шикам меафтонад; агар ин дудро ба решҳои тар бирасонанд, онҳоро хушк мекунад.
Пӯсти морро занҳо ҳангоми зодан ба рони худ банданд, таваллудро осон мекунад.
Пӯсти морро батанҳоӣ бихӯранд, чашмро торик месозад ва монандӣ мор пӯст мепартоёнад. Дар ин ҳолат кашниз бояд бихӯранд, ки ин зарар ислоҳ ёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз пӯсти мор дар як рӯз то 3,5 грамм аст.

  1. Сангпушт

Ин ҷонварест маълум, ки даштӣ, баҳрӣ ва наҳрӣ мебошад.
Мизоҷи сангпушти баҳрӣ ва наҳрии он дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум тар, вале мизоҷи даштнаш гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани гӯшти он боҳ ва камарро қувват мебахшад. Агар гӯшти онро кабоб карда бихӯранд, ҳайзро банд мекунад; бо хояи сагобӣ бихӯранд, бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, чурраро (даббаро), ки нав аз даридани пардаи шикам ҳодис шуда бошад, ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Хуни сангпушти даштиро бихӯранд, саръ (припадка)-ро шифо мебахшад ва ба ҷингак шудани узвҳо нафъ дорад. Чун хуни инро бо орди ҷав ва асал хамир сохта, он хамирро ба андозаи мурч хабҳо баста, баъд ҳангоми субҳ як ҳаб ва вақти шом як ҳаб, инчунин пагоҳи дигар як ҳаб бихӯранд, барои иллати саръ даво бемисл аст.
Хуни сангпушти даштиро ба дасту поҳо батакрор бимоланд, барои дарди буғумҳо ва никрис (подагра) даво мешавад.
Хуни онро бо хояи сагобӣ даромехта, бо он ҳукна (клизма) кунанд, барои ҷингак шудани узвҳо дору мешавад.
Заҳраашро бимоланд, варами ҳалқро таҳлил медиҳад

пешина
аз 702
навбатӣ