Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

над, ба таом иштиҳо пайдо мекунад, барои одамони сардмизоҷ мувофиқ аст, балғами шаффоф ва ширин пайдо мекунад, зарарҳои дигараш он, ки баданро ба хориш меоварад, ба қӯтур ва шукуфаи пӯст гирифтор мекунад, пӯст мепартонад, бедорӣ меоварад ва ғайра.

Моҳиро, ки муддати дароз намак хӯрда бошад, бихӯранд, дар бадан гиреҳҳоро ба амал меоварад, ахлоти мурдор пайдо мекунад, аз ҷумла, савдои сӯхтаи мурдор ҳосил менамояд. Дар ин маврид давояш сирко, сиркаосал ва обқома ошомида, қай кардан аст ва сиркаосал ва обқома ошомида, қай кардан аст за дан мебошад.

Моҳии намаксуди хушк бадтарини қисмҳои моҳӣн аст, гаронҳазм мебошад, вале балғами ғафсро таҳлил медиҳад, патҳои (пашмакҳои) меъдаро қавӣ мегардонад, бо вуҷуди ин бемориҳои номбурдаро ба амал меоварад, инчунин бедорӣ пайдо мекунад. Агар инро бардавом бихӯранд, ба иллати шабкӯрӣ мубтало мегардонад. Ин зарари онро низ бо воситаи истеъмол кардани чизҳои дар боло зикршуфта ислоҳ метавон кард.

Моҳии шӯрро, ки дар сирко парпарда бошанд, яъне як шабонарӯз дар он тар карда бошанд, мизоҷаш сард ва хушк аст, хушккунандаи рутубатҳо ва дерҳазм, дар бадан қувватҳои дар худ нигоҳдорандаро зиёда мегардонад, ба меъда рехта шудани моддаи сафровиро манъ мекунад, вале хориш ва қӯтур пайдо мекунад, бар пӯсти бадан доначаҳои савдовиро медамонад.

Агар бо оби моҳии шӯри намакин узвро бишӯянд,
решҳои бадбӯй ва қӯтури навро шифо мебахшад.

Моҳии нав қапидаро бирён намоянд ва то хунук шуданаш бигузоранд ва хусусан, ки як шаб ба он бигузарад ва ё муддати зиёд дар ҷои намнок монда бошад, раддӣ ва заҳрнок мегардад ва агар ба хӯрдани он мудовамат намоянд, ба иллати пес ва истиско (водунка) гирифтор месозад ва ҳолати занбӯруғи заҳрнок хӯрдаро ба амал меоварад. Тадбири наҷоти он қай кардан ва чизҳои исҳоловар хӯрданд аст. Агар ба касони сардмизоҷ зарар кунад, гуворишҳои гарммизоҷ бояд бихӯранд ва чизҳои гарммизоҷи номбаршуда истеъмол намоянд. Ва агар ба касони гарммизоҷ зиён кунад, сиркаосали турш, сирко ва обқома бояд истеъмол намоянд.

Касеро, ки аз хӯрдани моҳӣ дилаш беҳузур (беҷо)

пешина
аз 702
навбатӣ