Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

хонагӣ ба пирон ва тармизоҷон мувофиқ аст; дарди буғумҳоро, ки аз тарӣ бошад, бемории никрис ва лаббаро, ки аз даридани пардаи шикам бошад, дору мешавад, гурдаро гарм мегардонад, бавосир ва дарди пуштро судманд аст.

Агар аз пӯсташ пӯстин дӯхта бипӯшанд, баданро гарм мекунад, хусусан пӯсти гурбаи обӣ, ки пашмаш махшитар ва дарозтар аст, бартар мебошад, инчунин пӯсти гурбаи пашмдарози дигар ба он наздик аст.

Гурбаро дар кӯза ҷо карда, дар танӯри тафсон ё дар кӯраи ҳаммом бисӯзанд, то он ки хокистар гардад, онро бо сирко сиришта, бо пари мурғ бимоланд, кафидани ангуштони дасту поҳоро шифо мебахшад.

Мизоҷи саргинаш дар гармӣ қавӣ аст. Агар онро занҳо аз таг бардоранд ё сӯхта ба дудаш худро бидоранд, ҳамроҳаки (ёраки) бачаро аз шиками онҳо меафтонад.

Гӯшти нави гурбаро гузошта банданд, никрисро дафъ мекунад. Гӯшти хушкашро кӯфта, гузошта банданд, тир ва хори даромадаро аз бадан берун мекашад, устухони шикастаро ба ҳам мепайвандад.

Бо гурба ҳамнафас шудан ва хӯрдани гӯшти он лоғар мекунад ва иллати силро ба ҳам мерасонад.

Табиб Махръёрус гуфтааст, ки мағзи сари онро бо оби индови зироатӣ биёшоманд, чакмезак ва дарди гурдаро даво мешавад.

Заҳраи гурбаи сиёҳро бо равғани савсани сафед ё равғани савсани кӯҳӣ даромехта, дар бинӣ бирезанд, қаҷ шудани рӯйро шифо мебахшад, мӯйро сиёҳ мекунад. Агар ин заҳраи онро дар вақти зоидан ба чашм кашанд, дар шаб тезбин мегарданд.

1,75 грамм заҳраи онро бо равғани зайтун даромехта дар бинӣ резанд, қаҷ шудани рӯйро шифо мебахшад, агар бо намаки кӯфта даромехта бимоланд, ҷароҳати кӯҳнаро ба ибро меоварад.

Сипурзи гурбаи сиёҳро занҳое, ки ҳайзашон бемавриду бамаврид равон мешавад, ба ронашон биёвезанд, хуни равони онҳоро манъ мекунад.

Ҳаким Арасту мегӯяд, ки хояи хушки гурбаро кӯфта, дар бинӣ бирезанд, барои иллати махав бағоят фоидабахш аст.

Гурбаи ваҳшӣ дар намуд шишаранг аст, аз хонагӣ калонтар мебошад, мӯяш камтар. Барои давой қавитар аз хонагӣ бувад.

пешина
аз 702
навбатӣ