Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшти гӯсфанд зуд ҳазм мешавад, ғизояташ бисёр, хуни устувор аз он пайдо мешавад, қувват мебахшад, баданро фарбеҳ мегардонад ва ин аз гӯштҳои мувофиқтарин барои бадани инсон ҳисоб меёбад.

Дил, ҷигар ва гурдаашро бихӯранд, дил, ҷигар ва гурдаро қавӣ мегардонад.

Агар мағзи сарашро бо мудовамат бихӯранд, касро аҳмак мекунад ва фаромӯшхотир месозад.

Гӯшташро бо лӯбиё ва нахӯд муҳарро пухта, бо сирко ва асал бихӯранд ва мудовамат бар он намоянд, бағоят баданро қавӣ мегардонад, иллати беҳушшавиро манъ мекунад, дилтапак (дилбозӣ) ва лоғарии баданро дафъ месозад.

Равғанашро ҳангоми куштан гармогарм фурӯ баранд, ҳамчунин гудохта нимгарм бихӯранд, барои сурфа, дарди узвҳои даруни сина, зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма), сӯзиши пешоб (сӯзок) давои бисёр судбахш мебошад.

Гӯшти гармогарми онро дар вақти куштан гирифта, ба ҷои зарбарасида ва латхӯрда, ки нав бошад, гузошта банданд ва чун хунук шавад, гӯшти нав бибанданд, дардашро ба зудӣ хомӯш месозад ва намегузорад, ки варам кунад ё захм шавад. Инчунин пӯсташро гармогарм ба он мавзеъ печонанд ҳам, ҳамин асар дорад.

Гӯшташро сӯхта, гузошта банданд, бар зидди газидани морҳо, қаждумҳои ҷаррора (каттолтарин) даво мебошад; агар онро бо шароб даромехта гузошта банданд, газидани саги девонаро шифо мебахшад.

Хокистари гӯшти онро чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад; агар онро бо сирко сиришта бимоланд, барои доғи сафеди пӯст фоида дорад.

Мизоҷи заҳрааш гарм ва хушк аст ва поккунандаи доғҳост.

Агар инро танҳо ба чашм бикашанд, гули чашмро пок мекунад.

Заҳраи онро бо асал даромехта бимоланд, ҳамаи навъҳои шукуфаи пӯстро шифо мебахшад.

Бо заҳраи он сарро бишӯянд (хусусан бо асал сиришта) сабӯсаки сарро дафъ мекунад.

Хунашро гармогарм бимоланд, хориш, кӯтури пӯст ва аъзои сӯхтагиро ҳамон дам сиҳат мегардонад.

пешина
аз 702
навбатӣ