Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва хушк аст. Агар инро бимоланд ва ё гузошта банданд, варамҳо ва истискоро таҳлил медиҳад ва захмҳоро ба ҳам оварда шифо мебахшад. Саргинашро бо мумравған, ки аз равғани гулисурх ва муми занбӯри асал тайёр карда бошанд, гузошта банданд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад; бо сирко хамир карда гузошта банданд, шаро (аллергия), озахҳои гуногун ва гӯшти зиёдатии рӯи пӯст омадаро дафъ мекунад, сӯхтагии оташ ва милкаки нохунро шифо мебахшад.

Саргини онро дар гулоб тар карда, баъд гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мекафонад.

Хокистари суми онро бимоланд, ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Сумашро сӯхта, шуста бихӯранд, исҳолро манъ мекунад.

Истеъмоли гӯшти гӯсфанд дар айёми вабо ва тоун ҷоиз нест, зеро хуни бисёр ва устувор аз он ҳосил мешавад — ин зарарнок аст.

Агар гӯшти гӯсфандро зудҳазм ва сабук гардонидан хоҳанд, бо сирко ва обкома бихӯранд, ки гаронии онро дафъ мекунанд. Инчунин бо чакка, қурут ва татум бихӯранд, ҳазмаш сабук мегардад.

  1. Қурбоққа

Маълум аст, ки ин ҷонвар дар зери заминҳои намнок, обҳои истода ва ҷӯйҳо бисёр пайдо мешавад, хелҳои баҳрӣ, даштӣ ва наҳрӣ дорад. Дар тиб қисми наҳрии он истеъмол мешавад, вале даштиаш заҳри қотил аст.

Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи саввум сард ва дар якум хушк аст ва бо вуҷуди ин аслан аз ҳарорати қавӣ холӣ нест.

Хислатҳои шифобахши он: қурбоққаи обиро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Шиками онро чок карда бо ҳамон ҷои чокшудааш гузошта банданд, тир, хор ва ғайра дар бадан даромадаро берун мекашад ва заҳри ҷонварони газандаро бошиддат берун месозад, инчунин хуни рафтаистодаро қатъ мекунад.

Гӯшти онро сӯхта, ос карда бипошанд, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ