Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Вале хӯрдани гунҷишк ба касони гарммизоҷ зарар дорад. Давояш анор, ғӯраи ангур ва сиканҷабини турш ошомидан аст.

Беҳтар мешавад агар гӯшти онро оби анор ё ғӯра пошида бихӯранд, то ки зуд ҳазм гардад, зеро ки гӯшти он сахт ва гарммизоҷ аст.

Чун гунҷишкро сар бурида, хуни онро дар орди наск бачаконанд ва ҳамирашро кулӯла созанду хушк намуда, дар вақти мубошарат як кулӯлаи онро бо асал соида, ба закар бимоланд ва пойро ба замин нагузошта, мубошарат намоянд, боҳро бармеангезад.

Хуни гунҷишкро дар чашм чаконанд, гули дар он афтодаро пок менамояд.

Саргини он бисёр гарм ва хушк аст, гули чашмро пок мекунад, доғи кунҷидакро дафъ менамояд, инчунин доғҳои дигари дар рухсора пайдошударо нест мекунад. Саргинашро бо оби даҳан сиришта бимоланд, озахро хушк карда мерезонад ва доғҳои кунҷидакро барҳам медиҳад.

Устухонашро соида бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардонад ва исҳолро банд мекунад. Агар онро бихоянд, ба узвҳои даруни шикам ва рӯдаҳо бағоят зарар дорад. Балки аз хоидан ё соида хӯрдани устухони он худдорӣ кардан беҳтар аст, зеро сурхрӯда ва рӯдаҳои шикамро мехарошад.

Хокистари пари онро бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад.

Чун гунҷишки зиндаро ба ғайр аз сараш парҳояшро бикананд, дар ошёнаи занбӯри асал биёвезанд, то аз газидани занбӯрон бимирад, баъд онро дар равған биҷӯшонанду он равғанро бимоланд, сустии олати мардиро дафъ мекунад, боҳро қавӣ мегардонад ва олати мардиро ба ҷунбиш меоварад.

  1. Укоб

Ин парандаи бузургҷуссаи дарранда аст, ки маълум мебошад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ лифӣ (лифмонанд), сахт аст ва аз хӯрдани он дар ҷигар моддаи носара пайдо мешавад. Хӯрдани он барои ибрида (нотавон шудани ҳолати мардон аз рутубати бисёр пайдо

пешина
аз 702
навбатӣ