Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

кардани бадан), бодҳои бисёр ва дафъ кардани рутубати бадан даво мешавад.

Заҳраашро чун сурма ба чашм кашанд, дар гавҳараки чашм фуромадани обро, ки дар ҳолати ибтидо бошад, дафъ мекунад; чашмро тез ва қавӣ мегардонад; пардаи ба чашм афтодаро, ки онро торик менамояд, дур месозад, захмашро ҳам шифо мебахшад.

Хунашро бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад.

Саргинашро бимоланд, доғи кунҷидак ва ҷӯшиши рухсораро дафъ мекунад ва инчунин ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад.

Агар парашро сӯхта, занҳо дудашро ба миёни похе ва поёни шиками худ бигиранд, бӯғма (ҳафа) шудани бачадонро, ки беҳушӣ меоварад, шифо мебахшад.

  1. Каҷдум

Каҷдум навъҳои гуногун дорад. Каҷдуме, ки дар вақти ҳаракат дунболашро баланд гирад, онро қаддуми сайёла меноманд ва агар думашро бар замин кашида равад, онро каждуми чаррора мегӯянд. Каҷдуми чаррора аз сайёла хурдтар ва заҳраш қавитар, ки кушанда мебошад. Заҳри каҷдуми мода қавитар аз нари он аст. Бадтарини ҳамаи инҳо навъи сиёҳи он аст. Хелҳои каҷдуми бадзаҳр бисёранд. Ҳатто чунике каждум ҳам ҳаст, ки агар неш ба санг занад, онро реза-реза мегардонад.

Мизоҷи каҷдум дар дараҷаи саввум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: равганашро бимоланд, фалиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), нотавон ва суст шудани аъзо, каҷ шудани рӯй, дарди бугумҳо ва карахтиро шифо мебахшад.

Хокистари онро бо мурч соида, ба он занҷабил ва ғайра давоҳои гарммизоҷи муносиб даромехта, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашм ва ноҳунаки чашми инсонро дафъ мекунад.

Каҷдуми сӯхтаро ба ним вазни он саргини муш даромехта, ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад, кӯтур ва пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад.

Каҷдумро бирён ё кабоб карда бихӯранд, сурфаи

пешина
аз 702
навбатӣ