Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Зулукро дар равғани зайтун пухта, ба закар бимоланд, бағоят онро калон мегардонад ва қавӣ месозад. Инчунин зулукро дар равғани зайтун сӯхта, батакрор ба закар гузошта банданд, онро калон ва қавӣ мегардонад.
Зулукҳои майдаро сӯхта бо сирко ё оби банг (кирмрезонақ) сиришта, мижашонд ва чаппа рӯндаро канда, ба он ҷо гузошта банданд, дигар намерӯяд.
Сӯхтани зулукҳои майдаро бо равғани бунафша даромехта, дар сӯрохи закар ё дар фарҷ чаконанд, сӯзиши пешоб (сӯзок) ва захми ҳичакро (пешобдонро) шифо мебахшад.
Чун понздаҳ адад зулуки калони зиндаро ба 90 грамм кирми лойхӯраки шустагӣ, хушк карда, дар 420 грамм равғани кунҷиди тоза хуб ҷӯшонида, баъд соф карда, дар шиша нигоҳ доранд. Дар вақти ҳоҷат ин равғанро ба закар ва атрофи он бимоланд, онро қавӣ ва серҳаракат мегардонад. Чун ин равғанро ба хояе, ки дар он об фуромада, сахт ва кӯҳна шуда бошад, чанд рӯз паи ҳам гарм карда бимоланд, он обро дур мекунад — шифо мебахшад.
Зулуки навъи аълоро, яъне тиббиро ба мавзеъе, ки хуни мурдор, яъне хуни ҳаром дошта бошад, монанди: ширинҷа, решҳои радди бадфиол, шукуфаи пӯст, доначаҳои раддӣ ба ҷоҳои нозук ва заифмонанди пилкҳои чашм, гӯшаҳои чашм, рухсораҳо, ба тифлон ё занони заифбунёд (нимҷон), ки хун гирондан нахоҳанд, зулукро бичаспонанд, хуни ҳаромро бе азият мекашад, лекин шарташ ҳамин, ки бадан аз ахлоти мурдор пур набуда, балки аз онҳо пок бошад. Баъд аз зулук мондан аз нӯшидани оби хунук, баромадан ба ҳавои сард ва аз ошомидани чизҳои турш парҳез намоянд. Агар рӯзи дигар ба узве, ки зулук часпонида бошанд, боз бичаспонанд, бақияи хуни ҳаромро, ки дар он узв мондааст, мекашад — ин бад нест, вале адади зулукҳои часпонидашаванда аз пешина камтар бояд бошад, масалан, рӯзи якум даҳ адад зулук часпонида бошанд, рӯзи дуввум панҷ ё се адад бимонанд. Шартҳои зулукмонӣ чунин аст, ки бояд ба як дафъа хуни бисёр нагиранд, ки сустӣ меоварад; инчунин ба рӯи раг ҳам начаспонанд. Беҳтар он аст, ки зулуки хуб ва сараро пеш аз ба бадан часпонидан муддате нигоҳ доранд, то ки хӯрдаи худро кай карда партояд, пок гардад. Узви шахси беморо чандон бимоланд, ки сурх

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё