Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
шаб ҳангоми хоб чанд ҷои ӯро қаждуми ҷаррора газид ва бемор аз иллати мазкур наҷот ёфт.
Агар қаждуми ҷаррора бигазад, давояш хӯрдани равғани гов ё гӯсфанд ва он равғанро тафсонида, батакрор ба ҷон газидааш рехтан аст; инчунин аз он мавзеъ хун гирифтан ё чок карда, хуни он ҷоро сар додан аст; оби себи туршро дар оташ ғафс гардонида ошомидан аст; талкони себи туршро бо оби сард ошомидан, коснӣ ва дигар таскиндиҳандаҳои фишори хун, аз ҷумла: оби ҷав, оби қаду, оби бодиринг ва монанди инҳо биёшоманд; инчунин барги себи турш, кашнизи хушк — аз ҳар як баробармиқдор се каф бихӯранд, фоида дорад.
Тариқи сӯхтани қадум ин аст. Қадуми зиндаро дар зарфи мис ё оҳан, ё сафол андохта, даҳани онро бо хамир маҳкам намуда, танӯрро бо хезуми ток ва ғайра тафсонида, баъд оташро аз танӯр бароварда, он зарфи қадум доштаро шаб дар он гузоранду даҳани танӯрро бипӯшанд, пагоҳӣ қадумро бароварда бисоянд. Шарташ ҳамин, ки танӯр гарми бад набошад, ки мабодо қадум сӯхта, тамоман хокистар гардад.
- Зулук
Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон шуллук ҳам меноманд. Ин ҷонвар дар чашмаҳои гуногун ва баъзан дар кӯлҳо низ пайдо мешавад, гуногун мебошад. Он чӣ дар обҳои чашма зиндагӣ ба сар барад, сиёҳи камранг ва дар калониву хурдӣ миёна мебошад, сараш сиёҳи кулӯла ва таги шикамаш андак ало бошад, хуб аст. Инчунин гуфтаанд, ки он чӣ зери шикамаш сурхранг ва бар пушти он ду хати сабз ва бо суратҳои номбурда бошад, некӯст. Вале он чӣ бисёр сиёҳ, ало ва калон бошад, бад аст — ин дар тиб истеъмол намегардад, инчунин майдааш ҳам заиф аст.
Мизоҷаш сард ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: зулукро хушк намуда, кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, варам ва дарди гулӯро таҳлил медиҳад, санги гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.
Кӯфтаи зулукро бо сабир (алоэ) сиришта гузошта банданд, донаи бавосирро хушк мекунад. Агар онро бимоланд, доғҳои пӯстро пок месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё