Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан
  1. Хорпушт

Ин ҷонварест рӯи шикамаш мӯй дорад, вале пушташ хорнок аст. Чун хорпушт ба хавф ё ба хашм ояд, сари худро ба даруни хорҳои пушташ, ки бо он печида мешавад, ҷо мекунад.

Мизоҷаш гарм ва хушк аст дар аввали дараҷаи дуввум.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшти хорпуштро бихӯранд, рутубатҳои нодаркор ва зиёдатии баданро, инчунин захмҳоро хушк мекунад, моддаҳои ғализро башиддат таҳлил медиҳад ва рехта шудани моддаҳои номатлубро ба узвҳои даруни шикам ва сина манъ мекунад.

Ҷигари хушки он ва хокистари сӯхтаи он поккунанда, таҳлилдиҳанда ва хушккунанда мебошад.

Гӯшти намакхӯрдаи онро бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд, дарди сарро таскин медиҳад; бо обе, ки дар он юнуҷкаи зардак ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, фолиҷ, чингак шудани аъзо, бемориҳои асаб, филпо ва агар таб намегирифта бошад, истиско (водянка) ва дарди гурдаро низ шифо мебахшад; ва агар гӯшти бенамаки онро бихӯранд, вайрон шудани мизоҷ, сил, ҳангоми хоб ба ҷойгоҳ шошидани кӯдакон ва ғайри кӯдаконро дафъ мекунад, ҳатто агар дар хӯрдани он мудовамат намоянд, ҳоли шошиданро душвор мегардонад; аммо боҳи тармизоҷ ва сардмизоҷонро қувват мебахшад.

Ҷигарашро дар офтоб хушк карда бихӯранд, истискоро шифо мебахшад.

Пӯсташро сӯхта, бо шароб биёшоманд, фолиҷро ба ибро меоварад ва агар бо сиканҷабин бихӯранд, ҳар гуна варамҳои гӯшти баданро мегардонад.

Гӯшташро пухта бихӯранд, барои хапозер (хукгардан) ва махав дору мебошад; агар онро гузошта банданд, ғуддаҳо ва гиреҳҳои сахти дар узвҳо пайдошударо мегудозад — таҳлил медиҳад.

Пӯсташро сӯхта гузошта банданд, решҳои римнокро ба ибро меоварад ва агар он решҳо гӯшти ҳаром дошта бошанд, онро мехӯрад; захмҳоро хушк мекунад, зеро ки ин поккунанда ва хушксозанда мебошад.

Гӯшти хушккардаи онро соида як муддат бихӯранд, иллати махавро шифо мебахшад. Хокистари онро бимоланд, доғи кунҷидаки тунукро дафъ мекунад;

пешина
аз 702
навбатӣ