Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Инро бо зафт (қатрон) даромехта бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад ва кӯтурро шифо мебахшад. Агар бо хокистари он бишӯянд, решҳои сарро нест мекунад.
Хӯрдани гӯшти он табҳои кӯҳна ва заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад.
1,75 грамм аз пӯсти сӯхтаи он бихӯранд, таби дурӯздармиёнро нест месозад.
Вале агар хорпушт ва маҳсулоти онро аз ҳад бисёр бихӯранд, мизоҷи меъда ва ҷигарро вайрон мекунад ва ранги рухсорро паст мегардонад. Давои ин зарарҳояш гӯшти онро дар об муҳарро пухта хӯрдан ва бо равған пухта, бо равғани бодоми ширин ва сиркою коснӣ хӯрдан аст.
Мизоҷи заҳрааш гарм ва хушк аст, хислати пок ва хушккунанда дорад. Агар инро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Агар инро бимоланд, паҳн гаштани захм ва решҳоро дар бадан манъ месозад, барои махав ҳам фоида дорад.
Заҳраи онро бо муми занбӯри асал даромехта, зани ҳомила бихӯрад ё аз таг бардорад, бачаашро аз шикам меафтонад.
- Чайр.
Ин ҷонвари маълум аст, ки дар баданаш хорҳое дорад ба дарозии як ваҷаб ва аз он кӯтоҳтар, ки барои ҳимояи худ ба кор мебарад.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: Ҷобир бинни Ҷаббон-ус-сӯфӣ дар «Китоби хавосси кабир» гуфтааст, ки гӯшти чайра барои кушодани пешоби баста шифо мебахшад ба ин усул, ки онро бо корд гулӯ бурида, пӯсташро канда, гӯшташро дар офтоб чандон хушк намоянд, ки қобили кӯфтан ё бо сӯхон тарошидан гардад. Баъд кӯфта ё бо сӯхон тарошида, аз 9 ё 13,5 грамми онро дар шароб ҳал карда, биёшоманд, пешоб ба зудӣ кушода мегардад ва бо ҳамин аз он иллат шифо меёсад.
Гӯшташро бихӯранд, барои дафъ кардани иллати никрис (подагра) нафъи азим дорад. Агар инро батакрор гузошта банданд ва молидани хуни он доғи кунҷидак ва чиркҳои баданро дафъ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё